​Ҷамъбасти мусобиқаи футболи хурд

Ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдори намудани пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати расман эълон намудани «Рӯзи ҷаҳонии футбол» ба Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар маҷмааи варзишии Хуррамшаҳри донишгоҳ чорабинии варзишии футбол ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқи футболи хурд 18 даста байни ҳам рақобат намуда, мувофиқи натиҷаи мусобиқа дастаҳои факултети забонҳои хориҷӣ ва физикаю техника мақоми сеюмро соҳиб грдиданд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаи раёсати донишгоҳ бо факултети математика вориди рақобат гардиданд, ки дастати факултети математика бо нишон додани бозии хуб ғолиби ҷоми мусобиқа гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ