​Изҳороти устодони кафедраи табиӣ – риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо

Оид ба сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳоиАврупо имрўзҳо дар шабакаҳоииҷтимоӣ сару садоҳои гуногунпаҳн шуда, мухолифин мехоҳанд таассуроти мардумро оиди ин сафарманфӣ гардонида бошанд.Сафари расмии Пешвои миллат, ки як ҳафта идома ёфт, бо баргузории вохўрӣ, гуфтушунид, иштирок дар конфронсу ҳамоишҳои байналмиллалӣ, бастани шартномаҳои судманди иқтисодивуфарҳангӣ суръат гирифт.

Санаи 12- уми ноябр дар ҷараёни сафар Пешвои миллат дар ҷаласаи 40- уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО(қароргоҳи ЮНЕСКОдар шаҳри Париж), ки ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим бахшида шуда буд, иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба мушкилоти глобалии замони муосир, яъне гармшавии иқлим, об шудани пиряхҳо, сифат ва миқдоризахираҳоиоби тозава ғайра маърўза намуданд. Мудири кулли ЮНЕСКО хонум ОдриАзуле ба Пешвои миллат барои ташаббусҳои созанда изҳори миннатдориву қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз бо азму талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ РаҳмонТоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ бо ташаббусҳои созанда баромад намуда, барои қабули аксарбарномаву стратегияҳои сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи калидӣ пайдо намуд.

Пешвои миллат низ дар навбати худ аз баргузории чунин ҷаласаи сатҳи байналмиллал изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷониби мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одре Азуле мусоидат намуданро дар ҳалли баъзе масъалаҳои гидрологӣ ва фарогирӣ аз татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор»таклиф намуданд.

Шукруллоева М. – сармуаллимаи кафедраи табиӣ – риёзӣ ва тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ