​Факултети забонҳои шарқ: Вохӯрии судманд

Тибқи нақшаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар факултети забонҳои шарқ вохӯрии донишҷӯён бо намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд ва РВКД ҶТ дар вилояти Суғд бо иштироки беш аз 100 нафар донишҷӯ ва устодони факултет ташкил ва баргузор гардид.

Дар вохўрӣ мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Султонзода Тоҷибой Султонӣ ва муфаттиши калони шӯъбаи тафтишотии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд майори милитсия Ҳайдарзода Ҷамшед Алиҷон, собиқадори меҳнат Махфират Тоҳирова, мудири шуъбаи тарбияи раёсати донишгоҳ Бахтиёр Шомирзоев иштирок карданд.

Вохўриро декани факултет, дотсент Ислом Рахимов ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба донишҷўёну устодон муаррифӣ намуд ва риштаи суханро ба Тоҷибой Султонӣ дод. Мавсуф доир ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, дар бораи ифротӣ будани равияҳои бадхоҳони миллат, афзалияти ваҳдату сулҳ суханронӣ кард.

Сипас, Ҳайдарзода Ҷамшед Алиҷон дар баромади худ дар бораи вазъи ҷинояткорӣ дар вилоят тайи солҳои гузашта ва махсусан, соли 2018 сухан карда, гуфтаҳои худро бо далелҳои оморӣ тасдиқ намуд.

Инчунин, собиқадори меҳнат Махфират Тоҳирова доир ба маданияти либоспӯшӣ сӯҳбат кард. Қобили қайд аст, ки Махфират Тоҳирова хатмкардаи факултети шарқшиносӣ буда, дар насиҳати худ ба донишҷӯён аз осори арабӣ мисолҳо овард

Дар охир вохӯриро декани факултет, дотсент Ислом Раҳимов ҷамъбаст намуда, аз номи донишҷӯён ба меҳмонон арзи сипос кард.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ