​Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ба Шарофиддин Гадоев хатогии худро дарк кардааст.

Дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷик воқеаҳои бисёр муҳим ҳастанд, ки пешрафти ҷомеаи имрўза нақши муҳим гузошта ба халқи тоҷик ҳамчун роҳнамо ва инчунин таҷрибаи зиндагӣ гаштаанд.

Аз ҳама дастоварди муҳиме, ки ба халки тоҷик муяссар гаштааст ин ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Лекин чуноне, ки огаҳӣ дорем баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ халки тоҷик ба чи кадар душворихо дучор гардид ва онхоро паси сар карду ба Ваҳдати миллӣ расид. Баъди ба имзо расидани ин санади муҳим Точикистон бо Сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми кушишу ғайрати худро барои боз хам беҳтар гардонидани сатху сифати зиндагии мардум гузошта истодаанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки бо ин захмату талошхои Асосгузори сулху Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумхурӣ мо ба дастовардхои назаррас соҳиб гардидем. Аммо баъзе падидахои номатлубе дар ҷомеа вомехӯранд, ки мардумро халалдор месозанд.

Бояд кайд кард, ки чанде пеш, яъне 15 феврали соли ҷори яке аз рохбарони мухолифин Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон баргаштааст. Ба Ватан баргашта пешрафту тараққиёти Ватанро дида, мехохад дигар хамсафони худро низ даъват кунад, то ки ба мисли вай ба Ватан баргарданд. Вай гуфт, ки дар хориҷ зери таъсири Кабирӣ монда буд ва тамоми воқеаҳои дар Тоҷикистон мешударо нодуруст ба онхо мерасониданд ва онхоро гумроҳ месохтанд. Акнун, ки худаш ба Ватан баргашт дид, ки нисбат ба вай ягон хел зуроварӣ раво дида нашудааст, баръакс ба вай муносибати хуб доштанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Шарофиддин Гадоев хатогии худро дарк кардааст ва аз корҳои кардаи худ пушаймон аст. Аз ин ҷо бармеояд, ки Ватан ҳамчу модар пазмони фарзандони хеш аст, зеро ки модар ба тамоми хатогихое, ки фарзандаш кардааст нигоҳ накарда , ўро мебахшад ва ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Вале, баъди ба анҷом расидани ин кори бузург аз тарафи Модар-Ватан бояд худ ба як хулосае омад, ки ба хамаи корхои ғаразноку гапхои беасосе, ки нисбат ба Точикистон аз тарафи онхо гуфта шуд нигоҳ накарда, ба вай чунин кӯмак расонида шуд. Боварӣ дорем, ки вай ба гуфтахои худ содик аст ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамаи инро ба тарозуи адолат ниҳода, ба қарори муайяне, ки баҳри сарсабзии кишвар мусоидат мекунад, меоянд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ