Ақидаҳои ватандӯстонаи Абулқосим Фирдавсӣ ва мақоми шоиста доштани он дар тарбияи худшиносии миллии ҷавонон

Абулқосим Фирдавсӣ аз ҷумлаи бузургтарин суханварони дунёст. Аҳди сомонро бидуни Абулқосим Фирдавсӣ наметавон тасаввур кард. Ин чеҳраи башарӣ ба Оли Сомон муносибати содиқона дошт. Барои ӯ таърих бо сабақҳояш, амирону шоҳонаш хеле муҳим будааст. Фирдавсӣ ба хотири халқу ватан дар «Шоҳнома»-и безаволаш фикрҳои олиҷаноби ватандӯстӣ ва ватанпарастиро ба манзалати чашмрас арза доштааст. Бидуни шак, ақидаҳои ватандӯстонаи Ҳаким Фирдавсй дар ин замони пурталотуми ҷаҳонишавӣ, ки садҳо созмонҳои ифротӣ ва террористӣ аз қабили «Алқоида», «Доиш», Ҳизбуллоҳ», «Ансуруллоҳ», « Боко ҳарам» ва амсоли онҳо пайдо шудаанду майнаи бархе ҷавонони сустиродаи моро ба худ мекашанд, ки ба ҳамаи мо ҳамчун сабақи таърихӣ зарур буда, барои худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ бағоят муҳиманд.

Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун шахси ватандӯст ақида дорад, ки барои дифои тан дар корзор фақат корнамоӣ бояд нишон дод. Агар зарур шавад, ҷонро дар муҳофизати ватан набояд дареғ дошт. Дар ҷанге, ки барои дифои ватан аст, қурбон шудан, аз ватани худро ба дасти душманон додан ҳазорон бор авлотар аст:

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,

Ҷавонони шоистаи корзор.

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сарбасар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Аз рӯйи ин гуфтаҳои шоир аввало ӯ бо ҷавонони далеру диловари ватани худ фахр дорад. сониян, мафҳуми «Ватан» дар тасаввури ӯ танҳо аз замину шаҳру деҳоти кишвар иборат нест, балки халқи он, пеш аз ҳама, зану фарзанд ва хешу таборро ҳам дар бар мегирад. Фирдавсӣ дар мудофиаи ватан, пеш аз ҳама, иттиҳоди маънавии мардумро зарур мешуморад.

Тавре ки Фирдавсии бузург мефармояд, Ватан - Модар ҳар ду арзишҳои муқаддасанд. Ҳар як одами солимақл як каф ҳоки ватанро аз дунё беҳтар медонад. Инро дар мисоли чандин ҳодисаҳои таърихӣ фаҳмидан мумкин аст. Одамон барои ҳимояи хоки муқаддаси ватани худ ба муқобили душманон борҳо мубориза бурда, сина сипар карда ҷон додаанд, вале ватани худро ҳимоя кардаанд, чунки Ватан муъҷизаест, ки дар он инсонҳо зода шуда, ба камон расида, обу тоб ёфта ва лаззатҳои ширини ҳаётро дар он чашидаанд. Аз ин ҷост, ки дар ҷойи дигар шоир мефармояд, ки дар ҳифзи ватан қурбон шудан: «Беҳтар аз он ает, ки мағлубшавию хору залил бошӣ, аз зиндагие, ки дар зери ҳукумронии душманон мегузаронӣ, ҳазор бор бо номи нек қурбон шудан беҳтар аст»:

Бигӯям, ки дар ҷанг мурдан ба ном,

Беҳ аз зинда душман бад-ӯ шодком.

Дар ҷанг ба ғалабаи ҳуд боварии комил доштан, дар дил нисбат ба душман нафрату адовати беандоза парваридан шарти асосии ватанпарастӣ мебошад. Агар ба душман нафрати беандоза дошта бошӣ, ҳатман ғалаба мекунӣ.

Абулқосим Фирдавсй дар ин хусус хеле ба маврид қайд кардааст:

Ҳама размро дил пур аз кин кунем,

Тани душманон ҷойи зубин кунем.

Ватандӯстии Фирдавсӣ, тавре ки дар боло зикр кардем, мафҳуми мушаххас ва ҳаётӣ дорад. Яке аз ин гуна мафҳумҳо дар замони ҷангҳо барои мудофиаи ватан, аз ҷиҳати иқтисодӣ ва маънавӣ дастгирӣ намудани зану фарзандони касонест, ки барои ҳимояи халқу ватан ҷон ба каф гирифта, ба ҷанги беамон рафтаанд. Чунин дастгирӣ қарзи ватандӯстонаи ҳар як шахси ватандӯст буда, шоир ба адои ин қарз мардумро даъват намудааст:

Гиромӣ дор онро, ки дар пеши ту,

Сипар кард ҷон аз бадандешии ту.

Шоир дар ҷойи дигар ба ҳамин маънӣ гуфтааст:

Чу некӣ намоянд, подош кун,

Намон, то шавад, ранди некоӣ куҳун.

Ғанимат бар ӯ баҳш, к-ӯ ҷанг ҷуст,

Ба мардӣ дил аз ҷони ширин бишуст.

Ҳар он кас, ки шуд кушта дар корзор,

В-аз ӯ хурду кӯдак бувад ёдгор.

Чу номаш зи дафтар бихонад дабир,

Дирам пеши кӯдак бувад ногузир.

Шоир барҳақ гуфтааст: «Ҳар касе, ки дар майдони муҳориба кушта шавад, вай намемирад, балки ҳамеша вирди забони хурду калон мемонад».

Ин пандҳои оқилонаи Абулқосим Фирдавсӣ дар бобати шахси ватандӯст танҳо аз далерӣ, говзӯрӣ ва озодихоҳӣ иборат нест, балки вай бояд одами оқил, доно, ҳунарманду ҳушёру ҷасур ва донандаи ҳунару аслиҳаҳои ҷангӣ бошад.

Далерӣ зи ҳушёр будан бувад,

Диловар сазои сутудан бувад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки он порчаҳои шеърие, ки дар фавқ қироат гардидаанд, ҳамеша дар болобурди ҳислатҳои ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷомеаи мо, хусусан ба ҷавонон хизмати босазое хоҳанд кард.

Назарзода Ш.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ