Шӯрои собиқадорон

Шӯрои собиқадорони Донишгоҳ ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, алалхусус, ба кори таълиму тарбияи ҷавонон, ки имрӯзу ояндаи давлату миллатанд, бештар ҷалб намудани шахсиятҳои таҷрибаи бои зиндагӣ дошта, тарғиби анъанаҳои беҳтарини халқ, мунтазам зоҳир кардани ғамхорию дастгирӣ нисбати собиқадорони ҷангу меҳнатро ҳамасола вазифаи муҳимтарини худ қарор додааст.

Имрӯз ташкилоти собиқадорону ҷангу меҳнати Донишгоҳ – боргоҳи муқаддас ба ҳисоб рафта, 16 ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони факултетҳо, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, китобхонаи марказии илмӣ, Раёсати Донишгоҳро муттаҳид менамояд. Дар назди ин ташкилоти ҷамъиятӣ маҳфили тарбиявии “Чароғи ҳидоят” амал намуда, корҳои судмандро бо донишҷӯён роҳандозӣ менамояд.