​Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист...

Бо чунин ном дар толори маҷлисгоҳи факултети физикаю техника чорабинии илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Ин иқдом бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими физика ба ёдбуди профессорон Латифов Ҷалол, Абдуманнонов Абдуалӣ, Муртазоев Ҳотам, Шерматов Масаид, Султонов Усуфхӯҷа ва дотсентон Исоқов Эсанбой, Маҳмудов Муҳаммадҷон ва Ҳаитов Нӯмонҷон бахшида шуд.

Чорабиниро декани факултет номзади илмҳои химия, дотсент Пӯлотов Парвиз ифтитоҳ намуда, аз саҳму хидматҳои устодони марҳум хотиррасон шуд.

Ҳамзамон, як қатор устодони факултет аз ҳаёт ва фаъолияти шодравон ҳамкорони худ ёдовар шуданд.

Дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт Шамсидинов Мӯминҷон дар мавзӯи “Ҷойи онҳо дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст” маърӯза намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ