​Зиндагӣ бидуни хушунат зебост

Тибқи нақшаи бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ҷиҳати татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”ва “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”вохӯрии судманд бо донишҷӯёнбаргузор гардид. Дар мулоқот мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Гулбаҳор Султонова, номзади илмҳои филологӣ - дотсент М.Каримова, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Сарчашма” М.Болтаева перомуни мавзуҳои баррасишаванда баромад намуданд.

Баромадкунандагон иброз доштанд, ки асоси оиларо муҳаббат ташкил намуда, зиндагӣ бидуни зӯроварӣ ва хушунат зебост.

Дар фарҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ