​Забону дасти каҷнависатро ғунда газад!

Дар расонаҳои иттилоотӣ давраҳои охир хабару матнҳои бофтаю сохта дар бораи ахлоқи бади роҳбарони давлати соҳибистиқлоламон хеле зиёд шуда истодааст. Душманони риёкори давлату миллат, ки қудрати дарки дастовардҳои ҷомеаи моро надоранд ва чун моргазида дар аламанд, акнун тактикаи бадному сиёҳ кардани шахсиятҳои воломақоми кишварро пеша кардаанд. Худ, ки тинати фосиқу бадахлоқ, бадкинаву фасодкоранд, ҳамаи заҳру зуқуми худ, ба дигарон нисбат доданианд. Эҳтимол меравад, ки ин амалҳои қабеҳ, тарҳрезии хоҷагони аҷнабии пасипарда бошаду, тӯда аблаҳони ватанфурӯш бо ному насабҳои сохтаву пинҳонаш бофта чунин маълумотҳои бардурӯғро паҳн менамоянд.

Шиносоии инсон бо хабарҳои баъзе, “мухбирони озодандеш” дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҷбур месозад, ангушти ҳайрат газад. Гӯё онҳо бо шамъи фурӯзон дар сари болини ҷуфти маҳрам ҳузур доштанду тамошо карда бошанд. Ин амалро дар даврони шоҳигариҳои қадима анинон (евнух) иҷро мекарданд, “Мухбирон”-и хабарҳои имрӯза кистанд ва чӣ вазифа доранд? Агар тӯтии такрорчӣ бошанд худ баҳои бебақост! Лек, агар анинони ноҷинс, бошанду аламзада, мебояд ононро аз ҷомеа ҷудо карда безарар гардонид. Дар акси ҳол дигаронро низ бо бемориашон сироят намоянд, сафи ЛГБТ-чиён дар Аврупои махуф бештар мегардад, ки ҳалокатбори давлатдории онҳо хоҳад гашт.

Ҳар як фарди солим ақлу озодандеши ҷомеаи соҳибистиқлоламон худ шаҳодати заҳмату талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишварро бо чашми худ дидаву бо тафаккур дарк кардааст. Раво донистани буҳтону даъвоҳои носазо аз ландаҳурию бадкинагии соҳиби суханҳои қабеҳ дарак медиҳад ва ин хабарҳои пуч асаре ба организми пурқудрати ҷомеаамон расонида наметавонанд. Аммо, мебояд даҳони каҷгӯю дасти каҷнависи ин нафарони фосиқро бояд сазои сазоворе буд.

Пешниҳод менамоям, ки мукофоти чунин бадандешони ноҷинси анинмиҷоз неши ғунда гардад. То даме, ки заҳри ғунда дар танашон паҳн мегардад, шояд қисми аз заҳри майнаашон ба муҳит ихроҷ гардад. Бинобар ин, нафарони аблаҳи каҷгӯю каҷнависро якҷоя бо ғунда дар камераи крематорий (оташдони оҳансӯз) якҷоя ҷой диҳему ҳамаи заҳрҳояшон ба хокистар мубаддал гардад. Шояд, ин амал роҳи ягонаи безарар гардонидани олами ҳастӣ аз ин разилони палид бошад. Гумон меравад, ки барои бидуни кӯрдудӣ сӯхтани ин бадзотони каҷдаҳани каҷдаст нерӯи муайяне харҷ гардад. Онҳо, ҳатто лоиқи харҷи ин нерӯ нестанд, лек чӣ илоҷ ? Барои аз палидони заҳролуду бӯҳтонбоф тоза кардани олами муосир маҷбурем ин амал ба сомон расонида шавад.

Каҷгӯю каҷнависро ба ғунда ҳавола додему хубтараш вақти қиммати хеш ба созандагиву бунёдкории Ватан сарф намоем!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ