​Забон - шиносномаи миллат

Ин унвони мизи мудаввар буд, ки бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ доир гардид.

Мизи мувварро мудири кафедра дотсент Зоиров ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки ҳастии ҳар як халқу миллат пеш аз ҳама ба забони ӯ марбут аст. Забон шиносномаи миллат ва сарвати беназири ҳар як халқу давлат аст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд. Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳояшон оид ба забономўзии ҷавонон ва манзалати забони модарӣ суханронӣ намуда, қайд намудаанд, ки «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард».

Ҳамзамон, як қатор устодони кафедра оид ба мавзӯи мавриди назар ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла, устоди кафедра дотсентон Муҳаммадиев Шамсиддин ва Ҳомидова оид ба нақши забон суханронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки воқеан шиносномаи ҳар миллат забони ӯст. Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ