​Забон - пайвандгари наслҳо

Чунин унвон дошт чорабинии кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ, ки дар хобгоҳи №3 ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ гузаронида шуд.

Ин ташаббус бо ҷалби донишҷӯёни соли якуми факултети филологияи тоҷик гузаронида шуда, ҳадаф аз он арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва гиромидошти он унвон мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи чорабинии мазкур донишҷӯён доир ба забони давлатӣ маърӯзаҳо ироа намуда, шеъру таронаҳо қироат карданд.

Саҳнаҳои пурмазмун ба чорабинӣ ранги дигар бахшида, ифодагари аҳамият ва нақшу мақоми забони давлатӣ дар муаррифии давлату миллат буд.

Ҳамзамон, перомуни мавзуи мазкур дар факултети геоэкология ва туризм бо донишҷӯёни курси якум мизи мудаввар доир шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ