​Забон-асоси пойдорӣ ва устувории давлат

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн бо донишҷӯёни кафедраи технология ва методикаи таълими он чорабинии илмӣ баргузор шуд. Чорабинии мазкур ба мавзуи “Забон- асосӣ пойдори ва устувории давлат” бахшида шуд.

Дар доираи ин иқдом як қатор маърӯзаҳо шунида шуда, аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо қироат ва саҳнаҳои ҷолибу диданӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Таъкид гардид, ки ҳамасола 5-октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта 3 марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хати сабз аз як китоб ба як китоби дигари таърих сабт мекунад.

Дар идома доир ба муҳтавои ба асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат ҳастии миллат” аз ҷониби донишҷӯён маълумот манзур шуд.

Барномаи фарҳангии донишҷӯён ба чорабинӣ мазмуни бештар эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ