www.hgu.tj: 1800 мавод давоми 2022

Давоми соли 2022 тариқи сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров наздик 1800 адад мавод дарҷ гардид. Маводи мазкур дар қолаби жанрҳои гуногун, аз ҷумла хабар, мақола, мусоҳиба, тақриз, аннотатсия интишор гардиданд.

Дар ин давра дар сомонаи донишгоҳ бештар жанри хабар ва мақола мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, хабар 865 адад ва мақола наздик 750 адад нашр гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки феълан дар сомонаи расмии донишгоҳ 12 рубрика фаъол буда, дар он мунтазам аз ҷониби масъулини Маркази иттилоот ва таҳлил мавод таҳия ва нашр мегардад.

“Хабар”, “Пешвои маорифпарвар”, “Афкор”, “Фарҳанг ва маърифат”, “Чароғи маърифат”, “Тозанашр”, “Донишгоҳ дар ВАО” аз рубрикаҳои фаъоли сомона унвон мешаванд, ки қариб ҳамарӯза дар доираи он маводи ҷолибу хонданӣ доир ба набзи донишгоҳ ва мавзуъҳои доғи рӯз интишор мегардад.

Шоистаи таъкид аст, ки маводи сомонаи донишгоҳ тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ – “Facebook” ва “Instagram” низ нашр мегарданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ