​Вусъати корҳои ободонӣ дар донишгоҳ

Имрӯз дар биноҳои таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шанбегӣ гузронида шуд. Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом дар ҷараёни ин ҳашари ободонӣ иштирок намуд.

Бино ба маълумоти шуъбаи тарбияи донишгоҳ, корҳои ободонӣ ва тозакорӣ дар биноҳои таълимии √1, 2 ва 3 - и донишгоҳ ба роҳ монда шуда, ба ин ташаббус беш аз 500 нафар устодону донишҷӯён ҷалб гардидаанд.

Гуфта шуд, ки ҳадаф аз ин иқдом татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти вусъати корҳои ободонӣ ва созандагӣ буда, тадбири мазкур мунтазам дар донишгоҳ роҳандозӣ мешавад.

Профессор Усмонзода Аюб зимни суҳбат бо устодону донишҷӯён доир ба зарурият ва аҳамияти чунин ибтикорот сухан карда, ҳифзи муҳити атроф, таъмини тозагӣ, вусъати корҳои ободониро тадбири судманд ва муфид унвон намуд.

Дар доираи ин ташаббус гирду атрофи биноҳои таълимӣ, аз ҷумла, минтақаи Хуррамшаҳр аз партовҳо тоза шуда, панҷараҳо ранг карда шуданд.

Ректори донишгоҳ ба масъулин дастур дод, ки дар донишгоҳ корҳои созандагиву ободониро вусъат бахшида, дар ин самт чораҳои зарурӣ андешанд.

Таъкид гардид, ки чунин ташаббус дар доираи сазовор пешвоз гирифтани 35 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ва пайваста роҳандозӣ шуда, ҷомеаи меҳнатӣ ва муҳассилини донишгоҳ ба ободу зебо гардонидани муҳити атроф ва сабзу хуррам гардонидани Ватани азизамон саҳим бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ