​Вохӯрии се насл дар факултети математика

Дар факултети математика бахшида ба 90 – солагии донишгоҳ вохӯрии се насл доир гардид.

Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, раиси Иттифоқи касаби вилояти Суғд Самизода Мӯсобек, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Профессор Усмонзода Аюб Ислом иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати 90 солагии донишгоҳ ва факултет табрик намуда, аз марҳилаҳои ташаккул ва рушди донишгоҳ таъкид дошт.

Самизода Мӯсобек ва Исматҷонов Бахтиёр номаи табрикотӣ ироа намуда, аз саҳму нақши донишгоҳ дар тарбияи мутахассисони ҳирфаии соҳаҳои гуногун хотиррасон шуданд.

Тибқи анъанаи мулоқоти се насл хотироти намояндагони се насли факултет шунида шуд.

Барномаи фарҳангӣ ба ҷамъомад ҳусни бештар бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ