​Вижагиҳои таҳияи барномаҳои иттилоотӣ ва фарҳангӣ дар Идораи ТВ ва радиои вилояти Суғд

Донишҷӯёни соли сеюми ихтисосҳои “Web - рӯзноманигорӣ” ва “Иттилоот ва робита” ҷиҳати шиносоӣ ба шуъбаҳои ахбор ва барномаҳои фарҳангии Идораи ТВ ва радиои вилояти Суғд ташриф бурданд.

Ин иқдомро масъулини кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии факултети филологияи тоҷик бо роҳбарии муаллим Ҷамолзода Хушрӯз дар доираи дарси амалӣ аз фанни “Технологияи барномасозии ТВ ва радио” ҷиҳати таъмини самаранокии раванди таълим ба роҳ монданд.

Субҳиддин Қодиров хабарнигор, мухбири шуъбаи иттилооти Идораи ТВ ва радиои вилояти Суғд аз иқдоми кафедра изҳори хушнудӣ кард ва таъкид намуд, ки имрӯз ҳар нафари хоҳишманд метавонад дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд ҳамкории худро ба роҳ монда, соҳибтаҷриба гардад.

Ҳамчунин ба донишҷӯён аз нозукиҳои таҳияи мавод дар телевизион, махсусиятҳои истифодаи жанрҳои иттилоотӣ, таҳлилӣ ва нозукиҳои наворбардорӣ маълумот дода шуд.

Дар фарҷом изҳори умед шуд, ки чунин ташаббусҳо минбаъд низ аз ҷониби кафедра ба роҳ монда шуда, дар самти таҳкими маҳорати эҷодии донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд роҳандозӣ мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ