​Викторинаи математикӣ бахшида ба 90-солагии донишгоҳ

Бо ибтикори устодони кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими они факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус викторинаи математикӣ бахшида ба 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Зикр шуд, ки ҷиҳати татбиқи амалии эълон шудани солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва бедор намудани шавқу рағбати донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои дақиқ чунин чорабиниҳо пайваста дар факултет роҳандозӣ гардидааст.

Викторини фарогири бахшҳои муаррифии дастаҳо, саволу ҷавоб, ҳалли муаммоҳо, навиштани формулаҳо, масъалаи матнии шавқовар буд. Зимни баргузории чорабинӣ донишҷӯён ба ду даста тақсим шуда, миёни ҳам рақобат намуданд ва ҳайати ҳакамон ба сатҳи донишу маҳорату малакаи шогирдонбаҳогузорӣ менамуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷўён аз эҷодиёти шоирону нависандагони классику муосиршеърусурудқироат намуданд.

Дар ҷамъбаст ғолибон бо тӯҳфаҳои садорати факултет қадршиносӣ карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ