Вазъи сиёсии минтақа ташвишовар аст
Аз нимаи дуюми моҳи августи соли ҷорӣ аз сабаби ба сари қудрат омадани Толибон дар кишвари ҳамсояи Афғонистон вазъи сиёсии минтақа ташвишовар гардид. Хатари ба лонаи терроризм табдил ёфтани ин кишвар барало гашт. Худи Толибонро чандин кишварҳои абарқудрат ва созмонҳои байналхалқӣ ҳаракати террористӣ эътироф кардаанд. Ғайр аз ин боз маълум аст, ки дар Афғонистон ҷангиёни ДОИШ, Ҳаракати исломии Ўзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистон, «Ансоруллоҳ» ва даҳҳо созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ қарор доранд. Чунин ҳолат тамаркузи қувваҳои террористиро дар як кишвар таъмин мекунад ва ин воқеан барои кишварҳои минтақа хатарнок аст.
Худи Толибон мехоҳанд, ки ҳукумати шариатӣ бунёд кунанд ва дастурҳои додаашон гарчанд ки аз номи дини мубини ислом аст, аммо бар хилофи инсонгаронӣ ва башардўстӣ мебошад. Ҷорӣ гаштани маҳдудият ба гаштугузори занон, ба қатл расонидани сарояндагон ва амсоли инҳо гувоҳи дорои хўю атвори асримиёнагӣ доштани толибон аст.
Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 км хати сарҳад дорад, ки ин масофаи хурд нест. Дар баробари ин дар он сўи дарёи Аму ба муқобили сиёсати толибон тоҷикони Панҷшер ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо роҳбарии Аҳмад Масъуд барои озодии кишварашон талош доранд.
Агар хонаи ҳамсоя тинҷ бошад, мо ҳам метавонем, ки осуда зиндагонӣ кунем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз раҳбарони сиёсӣ мебошанд, ки дар суханронихояшон аз манфиати мардуми Афғонистон ва минҷумла тоҷикон аз минбарҳои баланд дифоъ мекунанд. Маълум аст, ки 46% мардуми Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд, ки миқдорашон наздик ба 20 миллион нафар баробар аст. Президенти Тоҷикистон ҷонибдори он мебошанд, ки дар ин кишвар на бо роҳи зўроварӣ ва ҷанг, балки бо роҳи гуфтушунид низоъҳо ҳалли худашонро пайдо кунанд. Талоши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон ба шаҳри Душанбе оянд ва дар сари мизи музокирот нигинанд. Дар ин бора ҳангоми мулоқот бо сарвазири Покистон Имрон Хон низ масъала матраҳ гардид.
Дар ҷаласаи СММ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи Афғонистон бетарафӣ накарда масъала гузоштанд, ки барои зарардидагони ин кишвар долонҳои гуманитарӣ кушода шаванд, то ки созмонҳои башардўстонаи байналмилалӣ тавонанд, ки мадади худро ба мардуми осебдида расонанд. Чунин пешниҳоди сарвари давлати тоҷикон як нишонаи ғамхорӣ ба ҳаммиллатони бурунмарзиямон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз ба корҳои дохилии кишвари Афғонистон дахолат карданӣ нестанд, аммо ҷонибдори он мебошанд, ки дар ин кишвар ҳукумати фарогир ба вуҷуд ояд ва намояндагони ҳар қавму миллати маскуни он ҷойгир гарданд.
Албатта, тоҷикон миқдоран қариб нисфи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва табиист, ки Эмомалӣ Раҳмон аз манфиати ҳаммиллатони мо аз манфиати тоҷикони он сўи Амударё ҳимоя мекунанд. Ин худ як рамз ва ё далели миллатдўстӣ ва миллатпарварии Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ҳоле, ки кишварҳои абарқудрат ба монанди Федератсияи Руссия ва ё Чин ба таври пинҳонӣ ва ё мармузона ба ҳукумати толибон рўи хуш ва ё сиёсати нармро пеша кардаанд, ба ҷасорати Эмомалӣ Раҳмон бояд қоил гашт, ки барои пиёда гаштани адолат ва амалӣ гаштани манфиатҳои тоҷикони Афғонистон сухан мекунанд, аз созмонҳои башардўстонаи байналхалқӣ даъват мекунанд, ки ба зарардидагони кишвари ҳамсояамон мадад расонанд.
Ҳақиқатан ин сиёсати Пешвои миллат башардўстона, миллатдўстона ва бо муҳаббат ба тамоми тоҷикон мебошад. Ин сиёсат қобили дастгирӣ ва ҷонибдорӣ аст ва ҳар тоҷики миллатдўсту миллатпарвар ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Афғонистон онро истиқбол бо самимияти афзун истиқбол кардаанд.
Беҳруз Ализода