​Вазъи ороми Бадахшон!

Гӯшаи нотакрори табиати биҳиштосои кишвари маҳбубамон – кӯҳистони Бадахшон, ғайр аз сарватҳои маъданиву ғайримаъданӣ бо ҳашамати кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои абадӣ, Сарези бемисл, фарҳангу анъанаҳои хоса ва ҳоказо вирди забони оламиён гаштааст. Сайёҳони сершумор аз ҳар мамлакатҳои дуру наздик орзуи саёҳат ба Помир – Боми ҷаҳонро дар дунё мепарваранд. Сайёҳӣ манбаи боэътимоди ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисодиёт, болоравии сатҳи некӯаҳволии мардум ва ғайра мебошад, ки рушди он пеш аз ҳама ба вазъи орому осуда ҳаёти бомароми осоишта алоқаманд аст. Дар ҳолати мавҷудияти хатар ба саломатӣ ва халалдор сохтани фароғату истироҳат ягон нафар азми сафар ба макони нооромро намекунанд. Чунин вазъи ногувор давраҳои охири соли сипаригашта ва оғози соли равон дар маркази Бадахшон – шаҳри Хоруғ ва атрофи он ба амал омада буд, ки сабабгори он тӯдаи авбошони хонашери майдонғариб бо сардории Муҳаммадбоқир буданд. Ин нафарони худобехабари муштзӯр мардуми осоиштаро зӯран бар зидди ҳокимияти давлатӣ иғво меандохтанду худро боло аз қонунҳои мавҷудаи давлат мегузоштанд. Гӯё ин тӯда “қозии мутлақ” дар маҳал бошанду ҳама бо ҳукми онҳо зиндагӣ намояд. Ҳамовозии баъзе нафарон дар Аврупову маконҳои дигар оид ба вазъи баамаломадаи Бадахшон ва қаҳрамон хондани Боқиру тӯдаи ӯ далолат медиҳад, ки фаъолияти ин авбошон қисме аз нақшаю тарҳрезиҳои хоҷагони хориҷӣ ҷиҳати ноором сохтани вазъи сиёсӣ – иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд.

Аллакай, мақомотҳои қудратӣ тӯдаи авбошонро ҷилавгирӣ намуда истодаанду баъзе авбошон дастгир шудаанд, дигаронро низ ин ҳолат ногузир аст. Зеро, барои ҳар як амали ғайриқонунӣ мебояд ҷазои сазовор дода шавад ва алҳол тӯдаи авбошони Боқир хомӯшиву пинҳонӣ ихтиёр кардаанд, вале ҳукми адолатонаи қонун онҳоро дармеёбад ва ҳатман ба ҷавобгарӣ мекашад.

Худ қазоват кунед, ки бо сабаби нооромиҳо ба мардуму иқтисодиёти Бадахшон аз чӣ қадар даромадҳо маҳрум шудаанду ба имиджи маҳал, ҳамчун макони сайёҳӣ коҳише расидааст. Дарки ин воқеият бояд мардумро водор намояд, ки ҳар чӣ тезтар авбошонро дарёфт ва ба мақомоти давлатӣ таслим кард. Вагарна, рӯзҳои таҳлукаолуди имрӯза бар зарари аҳолии маҳал аст, ки майли сайёҳони дохилию хориҷиро аз боздиди маҳали хушомада бозмедорад.

Шукронаи давлатдорӣ, ки алҳол вазъ орому осуда асту суботи онро мақомоти қудратӣ таъмин карда истодаанд ва дере нагузашта ҳамаи қонуншиканиҳо бартараф хоҳанд шуд ва авбошони беақлро ҷазои мувофиқ интизор аст.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ