Вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар Афғонистон

Вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии Афғонистон, ки баъди ба сари қудрат омадани гурўҳи “Толибон” ҳамчун ҳаракати шомил дар феҳристи гурўҳҳои экстремистии Шўрои амниятии СММиттифоқ афтод, боиси нигаронии ҷомеаи кишварҳои мухталиф гардид. Дар навбати аввал, бештари кишварҳои абарқудрат, ки масъалаи ҳамкорӣ бо ин гурўҳи ғосибро барои ояндаи Афғонистон ба миён гузоштанд, бо гузашти як моҳ ба таври равшандарёфтанд, ки толибон дар баробари гурўҳи манъшуда дар ҳудуди ин кишварҳо на танҳо ба ваъдаи худ вафо намекунанд, балки бештари ҳуқуқҳои инсониро поймол намуда истодаанд. Аз ҷумла, таассуби шадид дар бунёди низоми давлатдории худ, ки ба ҳеҷ як қонуниятҳои кишвардорӣ мутобиқ нест, нақзи ҳуқуқҳои миллатҳои дигари қаламрави Афғонистон, поймол намудни ҳуқуқи занон, даст ба қатлу куштори мардумони бегуноҳ задан ва амсоли ин асосҳои ин давлатдории ба ном толибониро ба вуҷуд овардааст. Мутассифона, ин гурўҳ бо истифода аз номи дини мубини ислом хостори барқарор намудани як низоми давлатдории асримиёнагӣ ҳастанд, ки бе ҳеҷ як қонуниятҳои ҳуқуқи башарӣ дар замони муосир ва айёми ҷаҳонишавӣ созгор нест. Ба ин хотир ва бо назардошти вазъи ба амаломада Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фосилаи як моҳ чанд маротиба бо муроҷиат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаи таъсиси як давлати ҳамашумулро дар ин кишвар пешниҳод намуданд. Дар баробари ин, ба хотири ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар ин кишвар ба созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Маҷмааи умумии СММ муроҷиат намуданд,ки ба тақдири мардуми Афғонистон,хоса сокинони Панҷшер расидагӣ намоянд.Аз ҷумла,дар Суханронии хешдар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидтаъкид доштанд, ки “Аз сӯйи ҳаракати “Толибон” иҷро нагардидани ваъдаҳои қаблиашон оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмии Афғонистон боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст.Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамояд.Мутаассифона, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар нисбат ба поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму миллатҳои сокини Афғонистон ва озодиҳои шаҳрвандони он кишвар, бахусус занону кӯдакон хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар ин маврид сухане ҳам баён намекунанд. Имрӯзҳо мо дар ҳодисаҳои вилояти Панҷшери Афғонистон шоҳиди нақзи фоҷиабори ҳуқуқи байналмилалии башарӣ гардида истодаем.

Ба мардуми Панҷшер дастрасӣ ба озуқаворӣ, дигар маводи мавриди ниёзи аввалия, инчунин, кумакҳои башардӯстона баста шуда, ҳатто ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх то ҳол наметавонанд ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои башардӯстонаи худ ба минтақаи Панҷшер ворид шаванд”.

Мутассифона, роҳбарияти давлати худсохтаи “Толибон” ба ҷои ислоҳи вазъи мавҷуда ва иҷрои ваъдаба задани туҳмату буҳтонҳо нисбати давлати мо шурўъ намуда, ки роҳбарияти олии кишвари моро ба дахолат ба корҳои дохилии Афғонистон айбдор карданист. Ҳарчанд ба таври мустақим ва равшан Пешвои миллат дар суханронии хеш дар маҷмааи СММ баён доштанд, ки “Мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем. Вале бар ин боварем, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда шавад”.

Ахиран изҳороти роҳбарияти кишвари Покистон дар СММ низ ҳақиқатро ошкор намуд, ки толибон давлати қавмиеро мехоҳанд роҳандозӣ кунанд, ки тамоми ҳайати онро аҳолии пуштанитабор ба вуҷуд овардаанд. Ҳатто ин роҳбари аввали кишвари Покистон ошкоро баён дошт, ки пуштибонии кишвараш аз толибон на ба хотири ислом, балки ба хотири пуштунитаборон аст.

Муроҷиати чандинкаратаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди бетараф набудан ба тақдири миллат ва мардуми Афғонистон ҳақиқати ин амрро ошкор намуд, ки воқеан сарвари давлати мо дар навбати аввал аз манфиати мардуми ин кишвар ва ҳуқуқҳои аҳолии он, новобаста аз миллату халқиятҳо ҳимоят мекунанд ва оромишу субот дар ин сарзаминро талаб доранд.Баёноти равшани Пешвои миллат дар мавриди ин ки мақсади мо дахолат ба корҳои дохилии Афғонистон худ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мақсади асосии роҳбарияти олии кишвари мо талош ва кўшиш барои ба эътидол омадани вазъ дар минтақа аст ва ҳамеша то замони ҳукумати толибон ва имрўз ҳам барои расидан ба сулҳи комил дар ин кишвар кўшиш кардаанд. Мутассифона, ҳузури номатуби толибон дар кишвар Афғонистон на танҳо ба нуфузи беқонунияу беҳокимиЯтӣ, поймол шудани ҳуқуқҳои инсон боис гардид, балки сабабгори ақибмондагии навбатӣ дар ин мамлакат шуда истодааст, зеро хостори бозгашт ба асрҳои миёна ҳаргиз омили пешрафтҳои назаррас нахоҳад буд, балки ин сиёсати нодуруст вадидгоҳҳои куҳнаву дақёнусии толибон хатари ба садсолаҳо ақиб мондани низоми сиёсиву иқтисодии ин кишвар, ҳатто маорифу фарҳангро дар пай дорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд ба ин роҳ диҳад.

Н.Н.Н.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ