Вазъ ором аст, дӯстон!
Давлати соҳибистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, маҳрумият ва мусибатҳои зиёдеро аз сар гузаронд: тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа ва озмоиши сахту сангини таърихӣ хавфу хатари аз байн рафтани давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд.
Мардуми Тоҷикистон ба таври возеҳу равшан хуб дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу Ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу зебо ва пешрафтаву шукуфон мубаддал намуд ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан ҷолибу дилоро ва мутараққиву мутамаддинро ба мерос гузошт.
Мутаассифона, вазъияти болозикр дар Ҷумҳурии ҳамсояамон Афғонистон ба вуқӯъ омадаву давлати анқариб ним аср ҷангдида ба нестиву ҳокимият ба дасти ҳаракати Толибон афтодааст… Ин вазъ ягон нафари соҳибватану худогоҳро бе таассурот намемонад. Зеро ин ҳаракатро дирӯзакак тамоми ҷаҳон гурӯҳи террористӣ мешинохтанду имрӯз бошад, бархе аз кишварҳо онҳоро ҳатто «соҳибдавлат»хондаанд. Мегӯянд, ки ҳамсояат тинҷ бошад зиндагиат осуда мегардад. Дар ҳақ, сарҳади Афғонистон хавфу хатари хосае дораду ҳатто бошандагони баъзе давлатҳо таассуфи халқи тоҷикро мехӯранд. Вале, мо мардуми шарифи ваҳдатсаро бо сарварии Садри муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон итминон дорем, ки вазъ ором асту зери назар ва ҳимоятҳои давлату сарҳадбонони тоҷик қарор дорад! Боварии комил дорем, вазъияти сиёсии ҳамсоякишвар ба мо таъсире нахоҳад гузошт! Бале, ҳидояту пешниҳодҳои Президенти ҷумҳурии моро, ки аввалин шуда оид ба вазъи сиёсиву иҷтимоии халқи Афғонистон овоз баланд карданду акнун сар то сари ҷаҳон сарони давлатҳои дигар пешниҳодҳои Пешвои ваҳдатофарини кишвари моро ба кулли дастгирӣ намуда истодаанд. Ин аст, ғамхори халқу миллат, ин аст арҷгузорӣ ба зан – модари насли оянда! Пешвои муаззами мо нагуфтанд, ки он халқ аз ман несту ман худро канор бояд гирам, балки амалҳои таҷовузкоронаи толибонро чашми дидан надоранду ба таъкид иброз медоранд, ки «Дар он давлат бояд, ҳукумати фарогир ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа бунёд гардад!» Зеро ба хубӣ дарк доранд, ки дар ҳукумате, ки он ҷо маҳдудиятҳои бисёреву шиканҷаҳои зиёде нисбати занону кӯдакон аст, ҳеҷ гоҳ аз вартаи нобуд намебарояд! Дар ҳақ, Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи нафароне ҳастанд, ки аз Модари бузург таваллуд шудаанд ва ҳаргиз намегузоранд, ки модаре ранҷе бинад, халқе озоре кашад! Ҳатто ин халқ аз давлати ҳамсоя бошад! Ин рафтори родмардонаи Садри муаззами миллат дилпур мекунад, ки солҳои солҳои кишвари ободии сарзамин ҳаргиз вайрон нахоҳад гашт!
Шарифзода М.