Вазъ дар сарҳад шадидан мураккаб мешавад
Ба ҳама маълум аст, ки таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ бо вазъи амниятӣ дар Афғонистон робитаи ногусастанӣ дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ (зиёда аз 1400 километр) дорад, нисбат ба вазъияти кунунӣ дар ин кишвари дӯсту ҳамсоя, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоли он бетафовут буда наметавонад.
Мо ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта бо истифода аз минбари созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, зарурати ҳалли бетаъхири мушкилоти кишвари ҳамсояамон - Афғонистонро батакрор таъкид мекардем. Ҳоло, ки вазъ имрӯз дар сарҳад мураккабтар мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маробиба дар минбарҳои баланд созмонҳои ҷаҳонӣ садо баланд карданд.
Лекин вақт нишон дод, ки ҳама он ҳушдорҳои мо воқеӣ будаанд ва натиҷаи беэътиноии сиёсист, ки мушкилоти онвақта имрӯз ба хатару таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтанд.
Танҳо баъди амалҳои террористии даҳшатовар кишварҳои олам ҷиддияти масъаларо дарк намуда, таваҷҷуҳи худро ба он равона намуданд.
Аммо ин падидаи номатлуб, аллакай, хислати ҷаҳонӣ касб намуда, пеши роҳи онро гирифтан хеле мушкил шуд.
Далели ин гуфтаҳо он аст, ки агар солҳои қаблӣ дар Афғонистон дар қатори ҷангҷӯёни ҳаракати “Толибон” намояндагони ҳамагӣ 15 кишвар мушоҳида мешуданд, ҳоло дар сафҳои созмони ба ном “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҷангидани шаҳрвандони зиёда аз 100 давлат таъйид шудааст.
Дар натиҷаи амалиётҳои зиддитеррористӣ як қисми онҳо нобуд карда шуданд.
Дар ин робита, суоле ба миён меояд, ки боқимондаи онҳо ҳоло дар куҷо қарор доранд? Ва бо кадом кишвару созмонҳо робита доранд?
ШАҲРЗОД