Ватанро ман ситоиш мекунам имрӯз ҳам фардо
Одами одам набинад, аз куҷо одам шавад,
Шамъ агар оташ намедид, аз куҷо равшан шавад.
Агар ба маънии ин байт чуқур сафаҳм равем хуб дарк мекунем, ки шоир дар ин байташ маънии одамгариро хуб ташбеҳ додааст. Дар ҳақиқат ҳам одами одам набинад аз куҷо одам шавад. Чуноне, ки мегӯянд: “Аз беадабон адаб омӯз”он коре, ки онҳо мекунанд ту накун. Аввал кордро ба худат хал дард накунад пас ба дигор хал. Вале ин гуфтаҳоро ҳамоне дарк карда метавонад, ки аз кӯчаи оамигарӣ гузашта бошаду хубу бад, сиёҳу сафедро ҷудо карда тавонаду ҳангоми мушкиливу дармондагӣ ба шахсе маслиҳати хуб ва роҳнамои карда тавонад, ки ба гуфтаи вай шахс кас баҳра бараду ба ҷамъият фоидаашро расонад. Вале агар фақат гӯему аз рӯи ин гуфтаҳо амал накунем, пас ин суханони мо по дар ҳаво мемонанд.
Ман ба ҳамаи ҷавонони саодатманду бахтёри диёр муроҷиат намуда гуфтаниям, ки баҳри ободиву осоиштагӣ, шукуфоии ин сарзамини биҳиштосоямон камари ҳиммат баста, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба гапу каловчаҳои хоинони диёр дода нашаванд. Зеро мақсади онҳо сарнагун кардани миллати тоҷик мебошад. Аҷоиботи кор дар он аст, ки дар тӯли мавҷудияташ халқи тоҷик ба касе зарар нарасонидааст. Вале тоифа инсонҳое ёфт мешаванд, ки халқи моро чашми дидан надоранд ва аз ҳар роҳу воситаҳо истифода намуда, мехоҳанд миллати тоҷикро пароканда кунанд. Хушбахтона онҳо харгиз ба ин ноил намешаванд. Зеро мо муттаҳиду сарҷаъмем ва намегузорем, ки касе ба пои миллати тоҷик хоре халад.
Ҳама тан ба тан ҷон ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!
Биоишаи Назар