​Ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунем!

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туфайли таҷовузи пайдарпаи қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров бо ин мамлакати таҷовузкор муташаниҷ мешавад. Ғайр аз таҷовуз ба ҳудуди Ватани азизамон, ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳавзаи ахбори ҷаҳони бо туҳмат ва буҳтонҳои худ, ҳама вақт фаъол мебошад.

Дар мо байни 15-17 соли охир дар ин давлат чандин роҳбарон бо туфайли бесари-сомони дар ҷамъият иваз шуда бошад ҳам, баҳсҳо оиди сарҳад идома ёфт ва ҳеҷ гоҳ ин масъала ҳал нагардид. Дар оқибат аз ин муаммо фуқарои оддии тарафайн азият мекашад, рӯз аз рӯз шумораи одамони бегуноҳ, қурбониён зиёд мегардад. Хусусан, воқеъаҳои хунини рӯзҳои охир, инъикоси таназзули сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ва Президенти он Садир Ҷапаровро боз як бор тасдиқ менамояд. Роҳбари давлат ба ҷои он, ки ёфтани роҳи ҳалли муаммо бо популизм машғул шуда, минбарҳои баланди ташкилотҳои байналхалқиро ба мақсадҳои ғализи худ истифода мебарад. Баромади ӯ дар минбари Асамблеяи 77-уми ташкилоти СММ исботи он мебошад.

Ҳодимони сиёсӣ ва ҷамъиятии Ҷумҳурии Қирғизистон бо монанди роҳбари давлати худ рафта, фазои васоити ахбориро минбари худ мекунанд. ҷомеъае, ки мана зиёда аст 15 сол ин ҷониб бесарусомонӣ ҳӯкмфармо аст «ҷомеъаи демократӣ» номида таъриф-тавсиф менамоянд. Ҷомеъае, ки қонун устувор аст, дар назари ин анархистҳо «диктатура» мебошад. Роҳбар ва раҳнамои миллат ва мақоми онро ба ҷои қадркардан «диктатор» меноманд. Ба таърих муроҷиат намуда, миллати худро таъриф ва тавсиф менамоянд. Ҳол он, ки бо туфайли саркашии айнан қабилаҳои қирғиз дар хонигарии Қӯқанд, дар солҳои 1873-1876 империяи Россия ин давлатро ғасб намуд ва мардуми Осиёи Марказӣ дар мобайни 150 сол – то оғози Истиқлолият, дар мустамликаи ин давлат буд, ки сарвари давлатамон далерона ва ҷасурона ин ҳолро дар шаҳри Остона, дар вохурӣ бо сарварони давлатҳои «Россия ва Осиёи Марказӣ» қайд намуданд.

Зилола Алиева

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ