​Ватани соҳибдорам!

Дарматбуоти даврӣ яке аз дилсӯзони Ватани азизамон Абдуллоҳи Раҳнамо натиҷаи саёҳати худ бо дӯстонашро мисол оварда иқрор мешавад, ки ҳамаи кунҷу гӯшаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати масъулинимақомоти қудратии кишвар қарор доштааст. Бояд қайд кард, ки воқеияти ҳол он аст, ки давоми даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини амнияти дохилӣ ва марзӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ намудааст ва ин ҷараён идома дорад.

Хулосаи мантиқии Абдуллои Раҳнамо дар он зоҳир мегардад, ки кормандони мақомотҳои дахлдори таъминкунандаи амнияти ҷомеа вазифаи хизматии худро софдилона ва сидқан иҷро намуда истодаанд. Алалхусус, ҷанбаи боэътимоди фарҳангӣ ва маърифати баланди онон шоистаи таҳсин ва қадрдонист. Зеро, новобаста аз ҳавои гарму сард, барфу борон ва шароитҳои дигари субъективӣ марзу буми мамлакати биҳиштосоямон доимо дар амну суботи боэътимод қарор дорад.

Чунин воқеият азму заҳматҳои мардуми шарифи кишварро дар рӯҳияи созандаю бунёдкорӣ қавитар ва маҳсулноктар менамояд. Заминаи фалсафии ахбороти Абдуллои Раҳнамо водор мекунад, ки ҳар як шаҳрванди ватандӯсти худогоҳ, меҳанпараст бояд дар суботи давлатдории Тоҷикистон фаъолона саҳмгузор бошад. Зеро, заҳмати созанда танҳо дар заминаи ваҳдати миллӣ, якдилӣ, сарҷамъии мардуми кишвар боровар хоҳад буд. Дар ин ҷода зиракиву ҳушёрии сиёсии фардҳои содиқу софдили Ватан хелеборҳо таҳти таъкиди Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст ва ҷанбаи муҳими сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бо изҳори сипоси беандоза ба давлатдорону кормандони масъули мақомоти таъмингари амну оромӣ, осудагиву суботи кишвар аз тамоми ҳамватанони худ даъват менамоям, ки сиёсати одилонаи Ҳукумати мамлакатро якдилона ҷонибдорӣ намуда, кӯшишу ғайрати худро баҳри ободу хуррамгардонидани кишвари ҷаннатсимоямон дар заминаи сарҷамъиву ваҳдати миллӣ ба роҳ монанд. Муқовимати сарҷамъона бар зидди амалҳои қабеҳи душманони дохиливу хориҷӣ барои ҷаҳониён собит месозад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби боэътимод дорад.

Собиров М.С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ