​Ватандӯстӣ аз имон аст!

Сарзамине, ки инсон дар он зода шудаву хуни нофаш рехтааст, обу хокаш парваридааст ва ҳавои тозаро нафас кашидааст, Ватан унвон дорад, ки бемисл асту инсон то охири умраш аз он қарздор аст. Зеро, Ватан баробарарзиш бо Модар асту дар тинати Инсон нисбати модари шири пистон додааш муҳру муҳаббати беандоза ҷойгир аст.

Мебояд чунин эҳсосоти олӣ нисбат ба Ватан низ дар қалби Инсон вуҷуд дошта бошад. Алалхусус, насли ҷавони имрӯза, ки дар фазои тезутунди иттилоотӣ соҳиби навидҳо мегардад, бояд хуб дарк намоянд, ки муборизаи иттилоотӣ байни давлатҳо, динҳо, мактабҳои илмӣ – идеологӣ, фалсафаи дунёӣ ва ҳоказо хеле ҳассос асту интихоби маълумоти воқеӣ, фаҳмишу тарғиби ғояҳо кори саҳл нест. Агар, каме эътибор надиҳад, бидуни ихтиёр ба чоҳи идеологии ифротгароёни пинҳонӣ меғӯтад. Бинобар ин, қабули ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандони кишвар амали хеле бамаврид ва муфид аст, ки аз ҷониби ҷомеа комилан дастгирӣ ёфтааст.

Дар ин замина, масъулини ҳамаи мақомотҳои давлатию ҷамъиятӣ вазифадоранд, ки муҳтавои ин ҳуҷҷатҳоро дар байни ҷомеа фаъолона тарғибу ташвиқ намоянд. Ҷоиз ба қайд аст, ки дар ин зода аз чорчӯбаҳои мавҷудаи расмӣ, сохтакорӣ, риёкорӣ ва амалҳои амсоли онҳо мебояд парҳезу худдорӣ кард. Зеро, зуҳуроти онҳо боиси аксуламали тадбирҳо гардида ба коҳиши руҳияиватандӯстии ҷавонон овардамерасонанд.

Дар ҳошияи андешаҳои баёнгардида боисрор талаб менамоям, ки масъулини соҳаи идеологии кишвар шаклу усулҳои нави тарғиби тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро роҳандозӣ намоянд. Масалан, омода намудани гурӯҳи ташаббускори ҷавон бо мусаллаҳсозии онон бо дониши чуқури мисолҳои воқеӣ бо тафсилоташ аз маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аз ҷониби онҳо дар маҳаллаҳо, чойхонаҳо, мавзеъҳои ҷамъиятӣ ташкил намудани сӯҳбату вохӯриҳои ғайрирасмӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Давоми ин тадбирҳо метавон озодона фикру андешаҳои ҳамаи иштирокчиён шунида, муҳокима карда шавад ва посуху хулосаи мушаххас изҳор гардад. Ҳамаи қишрҳои ҷомеаро мебояд, ки аз фаъолият дар тарбияи ватандӯстӣ дар канор набошанду садоқати хешро ба Ватани маҳбуб исбот кунанд.

Собиров М.С. - дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризмиМДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академи Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ