Ватандорӣ азимон аст!
Чашм кушодан ба олами ҳастӣ дар бағали Ватани биҳиштосо чӣ бахти бузургест, ки на ҳама фардонро насиб гардидааст. Хушбахтона насли имрӯзаи кишвар соҳибиқболу соҳибватананд ва мебояд аз ин неъмати соҳибистиқлолӣ доимо шукргузорӣ намоянд. Тантанаҳои идомаи моҳи ноябри соли равон шукӯҳу шаҳомати хосаро доро мебошанд, ки аз руҳияи болидаву ифтихори ватандорӣ, омодагӣ ба созандагию ободкории мардум ҳувайдост. Шукронаи Парвардигор мекунем, ки имсол низ заҳмати мардум боровару файзбор гардид ва дастовардҳои нав ба навро насиб гардид. Оромиву амонӣ, ҳаёти осуда, ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи заҳматқаринамонро ба сӯи корнамоиҳои нав равона намудааст, ки натиҷаи барокоти хайронаи он доимо эҳсос мегардад. Алалхусус, ободу зебо, сабзу хуррам гардидани гӯшаҳои мухталифи Ватани биҳиштосоямон падидаи накӯрешагии миллати тоҷикро инъикос менамояд. Накӯандешиву накӯхулқии мардуми накӯкори мо мебошад, ки дар фазои орому амн, осуда бо заҳмати созандаву ободкорӣ машғуланд.
Дар замони пуртаҳлукаи муосир пайдо намудани мавқеи устувор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ барои Тоҷикистони кӯчаки камзамин шаҳодати толеъи баланд, иқболи файзовар, нишонаи пурбаракот, дастархони пурнозу неъмати мардуми сулҳҳоҳу сулҳҷӯ мебошад, ки мояи воқеии он аз Пешвои миллат аст. Ҷаҳониён дар ҳайратанд, ки мардуми ҷангдидаи Тоҷикистон давоми давраи кӯтоҳи таърихӣ сазовори чунин комёбиҳои беназир гаштанд, ҳол он кимамлакатҳои дигар давоми садсолаҳо наметавонанд, қадаме ба пеш гузоранд. Ҳамаи дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ заминаи боэътимоди рушди минбаъдаи кишвар маҳсуб меёбад ва дурнамои Ватанам нурпошу дурахшон аст, ки моёнро руҳбаланду нематофар мегардонад!
Маҳз, ҷаҳду талошҳои пайвастаи хирадмандона ва фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат намуд, ки чунин давлати ободу сарбаланд бунёд гардад. Бо шукронаи пешравиҳо мардони заҳматпеша баҳри созандагиву ободкориҳои минбаъда камари ҳиммат бастаанд, ки дастовардҳои нав ба навро соҳиб шаванд. Дар радифи ин иқдоми шоиста ҳар фарди бономуси Ватани маҳбубро даъват менамоем, ки доимо бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ дастовардҳои соҳибистиқлолиро ҳифз намуда кӯшишу ғайрати худро барои таҳкиму тақвияти тадбирҳои шукуфоии Тоҷикистони азиз равона созанд.
Итминини комил дорам, ки наслҳои ҷавони кишвари тамаддунофару фарҳангсолорамон якдилона ва дастаҷамъона барои боз ҳам сарсабзу хуррам гардонидани сарзамини биҳиштосоямо азму талош хоҳанд кард ва насли калонсоли ҷомеа дар ин самт роҳнамои тавоно мегарданд.
Собиров Мурод Собитҷонович-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатииХуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”