​Ваҳдати миллӣ-омили ҳастӣ ва пойдории давлат

Дар заминаи татбиқ ва тарғиби сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз дар толори раёсати Донишгоҳ бо ҳайати васеи профессорону устодон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ-омили ҳастӣ ва пойдории давлат” доир гардид.

Дар конференсия котиби масъули Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Аъзам Ҳотамӣ, раиси Бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ва раиси Шурои уламои дини вилояти Суғд, Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода даъват, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конференсияи мазкурро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сабурӣ Хайрулло Мирзозода ҳусни ифтитоҳ бахшида, кулли иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати 26-умин солгарди Ваҳдати миллӣ табрик намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки 27-уми июн дар таърихи навини давлати ҷавони мо ҳамчун рӯйдоди таърихӣ нақш баста, ҳамасола бошукуҳу шаҳомати хос истиқбол мешавад.

Гуфта шуд, ки ин сана воқеан барои халқи тоҷик муҳим буда, Тоҷикистони азизи моро аз хатари нобудшавӣ ва парокандагӣ наҷот бахшида, ба созандагиву бунёдкорӣ ва рушди Ватани азизамон ибтидо гузошт. Ҳамакнун мардуми сарбаланди тоҷик аз ин рӯйдод ҳамчун Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо ифтихори баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ таҷлил менамоянд.

Таъкид рафт, ки маҳз фитрати азалӣ, хирадмандӣ ва сиёсати оқилонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи шикастнопазир ва ҷидду ҷаҳди мардуми баномуси Тоҷикистон буд, ки ҷангу хунрезӣ қатъ гардида, барои истиқрори сулҳ талошу мубориза сурат гирифт. Бо иқтибос аз суханронии Пешвои миллат қайд гардид, ки “Сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ роҳи пурифтихорро тай намуд ва зарур аст, ки сабақҳои ин корномаи таърихӣ ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонида шаванд”.

Дар идомаи кори конференсия маърӯзаи Аъзам Ҳотамӣ дар мавзуи “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон: таърих, дастовард ва дурнамо” ва дотсент Шавкат Шарипов дар мавзуи “Мактаби ваҳдатсози Пешвои миллат” шунида шуд. Зикр шуд, ки Истиқлол ва Ваҳдати миллӣба таҳкими худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб, марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди бемайлони нерўи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ мусоидат намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият Ваҳдати миллӣ сиришти маъавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо намуд.

Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод баромад намуда, доир ба корномаҳои шоиставу мондагори Пешвои миллат дар роҳи расидан ба Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуд.

Ҳамчунин раиси Шурои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода доир ба ба нақш ва мақоми Ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи муосир ибрози назар намуд. Қайд шуд, ки ба тавсиб расидани Созишнома марҳилаи нави оғози ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат маҳсуб ёфта, Тоҷикистонро аз харобиву равандҳоираҳоӣ бахшид ва шаҳрвандонро аз яъсу ноумедиҳо ба сӯи зиндагии орому осуда ҳидоят сохт.

Дар интиҳо профессор Хайрулло Сабурӣ таъкид намуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави сиёсати ваҳдатофар ва дастуру супориши Пешвои миллат ҳамеша талош меварзад, ки рисолати хешро дар сатҳи шоиста анҷом дода, сулҳу ваҳдатро барои ҷавонон тарғиб ва дар замири онҳо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлолу ваҳдат, ифтихор аз миллат, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлолро таҳким бахшад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ