​Устувории эътиқоди имон!

Таззодҳои сершумори ҳаёти имрӯза барои ҳамаи фардҳои ҷомеа санҷишу имтиҳонҳои пайваста аст, ки на ҳама метавонанд сарбаландона онро паси сар намоянд. Мусаллам аст, ки баъзе афроди дилсиёҳу ғализмайнаи муғриз бо камоли мамнунияту чеҳраи айёр тоифаи сусту беимону эътиқодро моили худ намуда, баҳри расидан ба мақсадҳои ғаразнок моҳирона истифода мебаранд. Фақат фардони баднафсу беирода, булҳавасу бевиҷдон шомили тоифаи зикрёфта мегарданд, якумра маҳрум аз сидқу вафо ба ҷомеаи башарӣ мемонанд. Бинобар ин, раҳгумзадагони олуда ба ифротиёнро пайваста мебояд дарёфт ва аз ҷомеа берун кард, ки нафарони ноогоҳу соддалавҳро бероҳа аз зиндагии орому осуда насозанд.

Чунин меҳисобам, ки ҳар як фарди солимақлу бономус, ватандӯсту меҳанпарвар мебояд дар дарёфти нафарони гумроҳ, тағйир доданитафаккури олудаи онҳо, тарбияи онҳо дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ, садоқату вафодорӣ ба Ватан ҳамаи қишрҳои ҷомеа вазифадоранду мебояд фаъол бошанд.

Имрӯзҳо дар давраи фаъолшавии муборизаҳои иттилоотӣ, алалхусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар як шахс мебояд мавқеи худро дар ватандорӣ, ҳимояи оилаи худ, ҳамсояву ҳамкорон, хешу табор ва ғайра устувор намояду ҳамаи онҳоро аз олудашавӣ ба ғояҳои ифротӣ пешгирӣ кунад. Дар акси ҳол, чанде нохалаф ноаён бо тарҳу маблағи хоҷагони муғризи аҷнабӣ дар байни мардум реша давонидаанд. Мавқеи фаъолу имони устувори ватандорӣ муваззаф менамояд, ки ба чунин афроди нопоки бадният ҳамарӯза муқовимат нишон диҳем, ҳушёру зирак бошем. Муҳим он аст, ки бе фарқу бетараф ба тақдиру қисмати Ватан набошем.

Таърихи тӯлонии Афғонистони ҷангзада, нооромиҳои сиёсии Гурҷистон ва даҳҳо мисолҳои дигар исбот менамоянд, ки дасисабозону иғвоангезони муғриз пайваста кӯшиши ғасби лаҷоми давлатдории кишварҳоро доранд ва бо ҳар роҳ хостгори расидан ба орзуҳои нопоку разилонаи худ мебошанд. Фақат ҷомеаи дорои мафкураи солим, огоҳ аз моҳияти иттилоотҳои мавҷуда, имону эътиқоди устувори ватандорӣ қодир аст, ки бо садоқату вафодорӣ, худогоҳиву меҳанпарастӣ ва ваҳдати милливу ниятҳои созандагиву бунёдкорӣ метавонад бар тӯдаи ифротгарони беимони муғриз ғалаба намояд. Дар ин радиф аз ҳамаи ҳамватанони гиромӣ даъват менамоям, ки ба ҳимояи Ватан дар фазои иттилоотӣ бархезанд. Бо ҳар сабабу баҳона канораҷӯӣ накунанд. Нагузоранд, ки палидони ифротзадаи имонгумкарда заррае бошад ҳам, ҷомеаи амну осудаи моро халалдор созанд. Кӯшиш намоянд, ки дар оила ҷойи корӣ, кӯчаву маҳаллаҳо пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Зеро, Тоҷикистон Ватани аҷдодии мост ва мо омодаи ҳифзи Ватан аз ҳама хасму хор ҳастем ва дар ин аҳду имон боиродаву матонат, садоқати бепоён устувор ҳастем.

Собиров М.С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ