​Устоди Донишгоҳ соҳиби ду Нахустпатент гардид

Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ Аҳмадҷон Домуллоҷонов бо қарори Маркази миллии патенту иттилоот бо ихтирои “Дастгоҳи хушккунаки офтобӣ бо насоси гармӣ” ва ихтирои “Гармхона бо таҷҳизоти обгармкунаки офтобӣ” соҳиби ду Нахустпатент гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳи хушккунаки офтобӣ бо насоси гармидиҳӣ дорои ҳавогармкунаки офтобии воридшавандаи беруна ва ҳавои гардишӣ буда, бо камераи хушккунӣ бо воситаи каналҳои ҳаводароӣ пайваст мебошад. Дар қисми мобайнии ҳавогармкунаки офтобӣ, канали нимсилиндрии кӯндаланг сохта шудааст, ки каналҳои ҳавои воридмешудаи берунӣ ва ҳавои гардиширо мепайвандад. Канали воридкунии ҳавои берунӣ бо ҳавокаш пайваст карда шуда, ҳавои гармиро дохили камераи хушккунак равона мекунад.

Ҳамзамон дар як тарафи паҳлӯи камераи хушккунӣ насоси гармидиҳӣ бо воридкунаки ҳаво гузошта шуда, бо воситаи он насоси гармидиҳӣ ҷараёни ҳавои гармро ба дохили камераи хушккунӣ равон мекунад.

Нахустпатенти “Гармхона бо таҷҳизоти обгармкунаки офтобӣ” бошад аз сатҳи дуқабатаи рӯшноиҷаббанда аз поликарбонат иборат буда, дар чаҳорчӯбаи металӣ насб карда шудааст. Дастгоҳи мазкур дар беруни гармхона васл гардида, ба зарфи обдор ва коллектори гармӣ пайваст мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ