​Усмонзода Аюб: Таҳаммулпазирӣ - омили солимии афкор

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом бо донишҷӯёни фаъоли факултетҳо мулоқот анҷом дод, ки дар доираи он ҳодисаҳои охири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Профессор Усмонзода Аюб ҷавононро ба ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, солимфикрӣ ва таҳаммулпазирӣ даъват намуд.

Гуфта шуд, ки дар чунин вазъи барои ҳар ду ҷониб ҳассос, ки талафоти ҷониву молӣ дошт, ҷавонон бояд ҳамчун нерӯи пешбари ҷомеа аз ақли солим кор гирифта, ҷиҳати пешгирӣ аз афзоиши хусумат миёни сокинони ҳаммарзи тоҷику қирғиз саҳмгузор бошанд.

Ректори донишгоҳ аз фарҳанги наҷиби ҳамсоядории тоҷикон таъкид намуда, донишҷӯёнро зимни истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба эҳтиёткорӣ ва роҳ надодан ба паҳни иттилоои нодуруст ва носанҷида, ки сабаби дучанд гардидани бадбинии ҷонибҳо мегардад, даъват намуд.

Таъкид гардид, ки оғози ҷанг нисбат ба таъмини сулҳ ҳамеша осон буда, бартараф намудани оқибатҳои муноқиша ва расидан ба ҳамдигарфарҳмӣ душвор аст.

Профессор Усмонзода Аюб ҷавононро нерӯи созандаи ҷомеа ва давлат унвон намуда, онҳоро ба омӯзиши илму дониш, гиромидошти вақт, пешгирӣ аз зуҳроти номатлуб ҳидоят намуд.

Пас аз мулоқоти судманд масъулини шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонон иқдом пеш гирифтанд, ки аз шароити оилаҳои зарардида бархӯрдор гашта, кӯмаки хайрхоҳона расонанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ