​Ҳунарҳои мардумӣ – рукни муҳими фарҳанги миллӣ

Санаи 10-уми декабр бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия, шуъбаи тарбия ва Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшанбахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” конференсияи вилоятии илмӣ – амалии олимони ҷавон таҳти унвони “Ҳунарҳои мардумӣ – рукни муҳими фарҳанги миллӣ” баргузор гардид.

Дар оғози конференсия иштирокчиён аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.

Ба куори конференсия профессор Хайрулло Сабурӣ - муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар эҳё ҳунарҳои қадима ва рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Сипас, Насриддин Хоҷаев - директори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дар мавзӯи “Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ – дар меҳвари сиёсати фарҳангбунёди Пешвои миллат” дар мисоли таърихи ҳунарҳои мардумии шаҳри бостони Истаравшан ва сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат маърӯза ироа намуд. Ҳамчунин Каримзода Мирзоқосим - сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд роҷеъ ба таъриху фарҳанги куҳан, мардуми тамаддунофари тоҷик, ҳунар ва фарҳанги шаҳрсозию шаҳрдорӣ ибрози назар намуд.

Дар фарҷоми конференсия ҳунармандон, ташаббускорон ва олимони ҷавон, ки дар баргузории конфренсия саҳми худро гузаштанд, аз ҷониби ректори донишгоҳ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ