​Ҳунар, фарҳанг ва сайёҳӣ-муаррифгари чеҳраи миллат

Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар факултети санъати тасвирӣ ва технология конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалии таҳти унвони “Ҳунар, фарҳанг ва сайёҳӣ-муаррифгари чеҳраи миллат” бо ҷалби олимону мутахассисони соҳа баргузор гардид.

Дар оғози конференсия иштирокчиён аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар даромадгоҳи факултет ба маърази тамошо гузошта шуда буд дидан карданд.

Ба кори конференсия профессор Хайрулло Сабурӣ - муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар эҳёи ҳунарҳои қадима ва рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Сипас, Салимбой Ҳасанов - дотсенти кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии факултети санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ дар мавзӯи “Ташаккули санъати тасвириву ороишӣ-амалии вилояти Суғд дар даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Муҳаррам Дадобоева дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими он дар мавзӯи “Роҳҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимӣ” маърӯза ироа намуданд.

Иштирокчиёни конференсия дар маърӯзаҳо масъалаҳои муҳими соҳаи сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ дар раванди таълимро ба донишҷӯён шарҳу тавзеҳ доданд.

Ёдовар мешавем, ки маводи конференсия шомили зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ба табъ расид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ