​“Ҷумҳурият” донишгоҳи моро қадр намуд


Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ҳамкории бисёрсола, пурсамару судманд, саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи рӯзномаи «Ҷумҳурият» миёни хонандагон ва афзоиши нуфузи он дар маҳалҳои дурдасти Тоҷикистон дар радифи қадршиносии шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо Сипосномаи нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи "Ҷумҳурият" сарфароз гардид.

Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ барои арҷгузорӣ ба ҳамкориҳои судманд ва таҳкими равобити самарабахш ба садорати нашрияи "Ҷумҳурият" изҳори сипос намуда, умед дорад, ки муносиботи наҷиби ҷонибҳо боз ҳам густариш меёбад.

Хотиррасон менамоем, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров солҳои охир ҳамкории худро бо воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуоти даврӣ тақвият бахшида, дар ин радиф баҳри ба роҳ мондани фаъолияти самарабахш бо нашрияи "Ҷумҳурият" низ аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.

Дар доираи чунин ташаббус маводи устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар саҳифаҳои "Ҷумҳурият" пайваста интишор ёфта, руйдод ва воқеаҳои навини донишгоҳ мунтазам аз ҷониби ҳайати эҷодии нашрия бозтоб ва инъикос мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ