Умри дурӯғ кӯтоҳ аст ё андешае чанд дар ҳошияи суханрониҳои “ҳимоятгарони” мардуми қирғиз
Баъди муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки санаҳои 14-16-уми сентябри соли равон ба вуқӯъ пайваст ва ҳисороти моливу ҷониро ба сокинони наздимарзии мо ба бор овард, якуним моҳ гузашт, аммо то ҳол, баромадҳову муроҷиатҳои беасоси ҷониби қирғиз, ба назди сарҳад ҷамъоварии техникаи ҷангии вазнин, кофтани хандаку истеҳкомҳои бетонӣ аз ҷониби ин ҳамсоягони номуросо идома дорад, ки онро хадамоти матбуоти ҚДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо расмҳо ва факту далелҳои раднопазир тасдиқ кард.
Ҷониби Қирғизистон протоколи натиҷаи гуфтушунид, ки бевосита аз ҷониби сарварони Кумитаи амнияти ду кишвар ба имзо расонида шуда буд, вайрон карда, 13 маротиба тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин фазои ҳавоии Тоҷикистонро убур намуд. Илова бар он дар Парлумони Қирғизистон масъалаи мардуми минтақаҳои сарҳадӣ тақсим намудани силоҳ баррасӣ гардид, ки он низ далели омодагиҳои навбатии ҷониби Қирғизистон ба муноқишаи мусаллаҳона мебошад.
Суханрониҳои мансабдорону зиёиён, ҳатто уламои дини Қирғизистон шаҳодати он аст, ки онҳо ҳанӯз аз иғво, дасисабозӣ ва мақсадҳои шуму нопоки худ даст накашидаанд. Масалан, андешаҳои вазири мудофиаи Қирғизистон Б. Бекбалтаев дар хусуси он, ки миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳаргиз сулҳ намешавад, мисоли равшани он аст, ки ҷониби қирғиз хоҳони сулҳ ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳаллу фасл намудани масъалаҳои сарҳад нест. Гузашта аз ин ҳатто уламои дини қирғиз, ки бояд мардумро ба таҳаммул ва муносибати неки ҳамсоягӣ даъват намоянд ва он яке аз фарзҳои асосии дини мубини ислом аст, баракс мардумро ба шӯру иғво, ихтилофандозӣ даъват намуда, “демократияи қирғизи”-ро, ки аслан қонун, ҳукумат, давлатро эътироф намекунад, урфу одат ва қонунҳои қабилавӣ ҳанӯз побарҷост, таърифу тавсиф менамоянд.
Мутаассифона аксари сухангӯён, воизон, “ҳимоятгарони” мардуми оддии қирғиз, ки аз номи онҳо баромад мекунанд, аз ҳақиқат фарсахҳо дур аст. Кайҳо собит шудааст, ки дар паси ин муноқишаҳо шахсони мансабдор, вакилон ва сарварони хоини ин давлати ҳамсоя истодаанд ва мехоҳанд бо роҳи азхуд “ҳомиён”-и манфиатҳои халқро нишон додан, курсиҳои ларзонаки худро мустаҳкам намоянд, ба мансабу мартабаҳои баланд соҳиб шаванд.
Мегӯянд, ки офтобро бо доман пӯшида намешавад. Аз ин рӯ ҷониби Қирғизистонро зарур аст, ки аз иғво, дурӯғ, тӯҳмат, таҳдид, дасисабозӣ даст кашида, паси мизи гуфтушунид нишинад ва тамоми мушкилоту масъалаҳои мавҷударо марбут ба сарҳад бо роҳи мусолиҳатомез, эҳтироми ҳамсоягӣ ҳаллу фасл намояд. Таърихи тамоми муноқишаҳои сарҳадӣ, байни давлатҳо собит месозад, ки ҷанг ва моҷарои мусаллаҳона ҳеҷ вақт роҳи ҳалли масъала набудааст. Ҷангу хунрезӣ ҳамеша боиси қурбонӣ ва бадбахтии мардум мегардад. Имрӯз ҳарду ҷониб низ бояд масъалаи сарҳадро бидуни дахолати давлатҳои дигар, бо дарназардошти манфиатҳои миллии худ ҳал намоянд, чунки имрӯз баъзе давлатҳои абарқудрат, созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ зери шиори кӯмаку мусоидат, баракс ба муташанниҷ шудани муносибати давлатҳои нав ба истиқлолият соҳибгашта сабаб мешаванд ва ҳамеша манфиатҳои иқтисодӣ, молиявӣ, сиёсӣ, геостратегӣ ва геополитикии худро боло мегузоранд.
Ҷабборзода И.Р. - омӯзгори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров