Умед ба ояндаи дурахшон
Боиси хушнуди ва ифтихор аст, ки вохӯрии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар кишвари биҳиштосои мо баргузор гардид. Пазироии меҳмонон бо як шукӯҳу шаҳомати тоза ва урфу одати меҳмоннавозии тоҷикона суръат гирифт, ки ҳамагонро дар ҳайрат гузошт. Махсусан пазироии меҳмонони олиқадр Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Иброҳим Раиси ва Сарвазири Ҷумҳурии Покистон Имрон Хондар сатҳи баланди расмӣ суръат гирифт.
Зимни мулоқот масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва масъалаи доғи рӯз, ки тамоми ҷаҳонро ба таҳлука овардааст вазъи нигаронкунандаи Афғонистони ҳамҷавор ки дар маркази таваҷҷуҳи Тоҷикистон қарор дорад баррасӣ гардиданд. Пешвои мо аз вазъияти ба амаломада изҳори нигаронӣ намуда аз давлати ҳамсоя даъват ба он намуданд, ки “ Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза дониста шуданд”. Инчунин даъват бар он намуданд, ки баргузории музокирот байни тоҷикон ва толибондар шаҳри Душанбе мусоидат карда шавад.
Умед бар он мебандем, ки ҳамаи низоъҳои баамаломада роҳи ҳалли худро меёбанд ва мардуми Афғонистон низ чун дигар мардуми ҷаҳон ободу осоишта умр ба сар мебаранд.
Зеро, ки мегӯянд:
Аз ноумедиҳо басо умед аст,
Поёни шаби сияҳ сафед аст.
Биоишаи Назар