Ҳукумати нуктасанҷу дурбин

Имрўз тавассути шабакаҳои гуногуни иҷтимоиву каналҳои интернетӣ бо барномаҳои сохтаи далелҳояш беасос заҳролудсозии мафкураи созандаи мардум шиддат гирифта истодааст. Яке аз он барномаи махсус тарҳрезишудаи «Садои мардум» мебошад. Ровии зархариди барнома Беҳрўз Тағойзода ин навбат мавзуи «Муваққатан қатъ шудани қувваи барқ дар Тоҷикистон»-ро мавриди танқиду ташбеҳи бемантиқу қиёсногузир қарор дод. Ў мегўяд, ки агар оилаи ту ва ҳамсоя баробар зери таҷовуз қарор гиранд, киро наҷот медиҳӣ? Албатта, оилаи худро. Пас чаро қувваи барқ дар Тоҷикистон мувақатан қатъ мешаваду ба ҳамсоя фурўхтан хотима намеёбад. Намешавад, ки барқро на ба ҳамсоя, балки пурра ба мардуми худ диҳем, то азият накашанд. Ин ҷо мо мафкураи тангу торик ва имрўзбини ровиро мебинем. Ба гўшаи хаёлаш ҳам намеояд, ки ин сиёсати дурбинонаи роҳбари давлат бар зидди нуфузи имрўзаи ҳукумат бошад ҳам барои ояндаи дурахшони халқу миллат аст. Барои обрўву мартабаи баланди роҳбарони ояндаи Тоҷикистон аст. Зеро агар мо бо кишвари ҳамсоя шарномаи хариду фурўши қувваи барқро бекор созем боке нест. Он кишвар, ки барқро бо пул мехарад, меравад бо дигар давлатҳо шартнома мебандад, хатҳои нави баландшиддат мегузаронад. Аммо чун ҳамаи агрегатҳои нерўгоҳи барқӣ-обии Роғун ба кор шуруъ мекунад, аз талаботи дохилӣ зиёд барқ истеҳсол менамояд, пас мо чӣ кор мекунем? Дари ҳамсояро кўбем мегўяд, ки бо дигар кишвар шартномаи дарозмуҳлат дорад. Дар ин ҳолат ҳатто паст кардани нархи фурўш ҳам суде надорад.

Мо бояд дарк намоем, ки имрўз ҳукумат метавонад, қувваи барқро бемаҳдудият ба шаҳрвандон дода, дар дилу дидаи мардум ҷой гирад, аммо ин кўтоҳбинӣ аст. Зеро ҳукумати оянда, роҳбарони оянда сарсону бадном мегардаду халқ бошад, ангушти ҳайрат мегазад. Чун имрўз автомобилҳо ба электромобилҳо иваз шуда истодаанду болоравии нарх ва зиёдшавии талабот ба қувваи барқ дар бозори ҷаҳонӣ дар назар аст, нигоҳ доштани харидори доимӣ афзалиятнок аст. Агар имрўз ҳукумат обрўи худро сарфи назар карда сиёсати оқилонаи дурбинро пеш гирад, чаро мо моҳияти маҳдудияти муваққатии барқро дарк насозем, ояндаи ободи фарзандону наберагонро фикр накунем. Бо истифодаи иқтидори пурраи тамоми нерўгоҳҳои барқии обии кишвар даромади буҷаи давлатӣ зиёд мегардаду сатҳи зиндагӣ баланд мешавад. Корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ ташкил мешаваду маошу нафақаи шаҳрвандон боло меравад. Ин ба василаи ба фурўш баровардани кувваи барқ аст. Мо ҷонибдори сиёсати некбину нуктасанҷ ва дурбинонаи ҳукумат ҳастем.

Характери инқилобхоҳиву моҷаросозӣ доштани барномаро ровӣ бехабар ба забон меорад. Ў мегўяд, ки зарра-зарра ба мафкураи мардум таъсир расонидан мехоҳад. Бо мурури замон мафкураи созандаи ҷавононро ба инқилобиву табадуллотхоҳӣ табдил медиҳам. То онҳо ба паҳлуям истода кишварро дубора оғуштаи хун созанд. Сипас, ў ва хоҷагони ўро ба сари ҳокимият оранд. Баён мекунад, ки худро раиси парлумону шаҳрдори Душанбе мебинад. Барои ин бояд мардум инқилоб созанду хунрезӣ кунанд. Ту кӣ ҳукумати имрўзаро танқид мекунӣ худ барои мардум чӣ хизмат кардӣ? Чаро роҳи расидан ба ҳокимиятро дар хунрезӣ мебинӣ? Намешавад, ки пул созӣ, мактабу масҷид бунёд намоӣ, хайру саховат кунӣ, ятимонро парасторӣ намоӣ ё умуман ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шуда, бо амалҳои неку ибратбахш дар дилу дидаи мардум ҷой гирӣ? Бо роҳи хунрезӣ хеҷ гоҳ ҳукумати адолатпеша ташкил намегардад.

Гулрў Қурбонова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ