​Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнопазир ва дахлнопазир аст!

Мутаассифона, солҳои охир муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бинобар аломатгузорӣ нашудани баъзе маҳалҳои сарҳадии ин ду давлат дар сатҳи начандон хуб қарор доранд. Албатта, то имрӯз барои баратараф кардани проблемаи бавуҷудомада чораҳои гуногун аз ҷониби мақомоти дахлдори ду ҷониб андешида шуданд. Аммо, то кунун масъалаи аломатгузории минтақаҳои баҳснок ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст. Мо ҳеҷ гоҳ ҷонибдори густариш ёфтани низоъ ба ягон мамлакати ҷаҳон, алалхусус, бо кишварҳои ҳамсоя нестем. Баръакс Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалҳои созандааш борҳо собит сохтааст, ки омода аст бо ҳамагон ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи мутақобилан судманд ба роҳ монад, инчунин баҳри расидан ба ҳадафҳои умумиҷаҳониву умумиминтақавӣ ва муборизаи дастаҷамъона алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир саъю кӯшиш намояд.

Воқеан аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ тамоми саъю кўшиши сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа равона карда шуда буд. Албатта, имрӯз низ Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳояш омода аст, ки бо тамоми кишварҳои дунё равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барпо намояд. Имрӯз Тоҷикистон қодир аст, ки манфиатҳои худро вобаста ба масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла дахлнопазирии ҳудуди мамлакатҳимоя кунад. Аз ин лиҳоз, ҳар як кишваре, ки таҳдид ба якпорчагии ҳудуди мамлакат мекунад, бо муқобилияти шадиди мо дучор мешавад. Қирғизистон низ бояд манфиатҳои моро эҳтиром кунад ва барои ҳалли масъала роҳи гуфтушунидро пеш гирад, на ин ки қувваи артиши худро намоиш диҳад. Мо ҳам артиш дорем ва мо ҳам метавнем қувваи артиши худро намоиш диҳем. Аммо роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он ҷонибдори густариши минбаъдаи низоъ бо Қирғизистон нестанд. Мо ҷонибдори ҳалли масъала бо роҳи гуфтушунид ҳастем.

Ҳамин тариқ, вазъияти баамаломада тақозо мекунад, ки ҳар як шаҳрванди банангу номуси кишвар нисбати ояндаи давлату миллат бетараф набошад, ҳимояи марзу буми онро вазифаи муқаддаси худ шуморад ва осоиштагиву оромии Ватанро ҳамаҷониба таъмин кунад. Ҳар як ваҷаби ҳудуди Тоҷикстон бароямон азизу муқаддас аст!

Камолиддини Раҷабзод!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ