“Тривиуми математикӣ” - ​бозии интелектуалӣ ба хотири рушди зеҳнии донишҷӯён

Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз тарафи сармуаллими кафедраи Анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов Ҷумаев Бӯстон дар факултети математика бозии интелектуалии “Тривиуми математикӣ” гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ин иқдом донишҷӯёни гуруҳҳои 203 “а” ва 404 “в” ҷалб гардиданд.

Аз рӯйи натиҷа намояндагони гуруҳи 203 “а” нишондиҳандаҳои нек нишон дода, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ