​Тренинг: Зӯроварии хонаводагӣ нисбат ба занону кӯдакон

Дар ҳошияи маъракаи “16-рӯзи алайҳи хушунат” донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ, мутобиқ ба барномаи таълимӣ аз фанни практикуми психологӣ – педагогӣ баҳри тақвият бахшидан ба донишу ҷаҳонбиниашон ба ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон “Гулрухсор” ташриф оварда, дар тренинги омӯзишӣ иштирок намуданд. Дар рафти тренинги таълимӣ - омӯзишӣ дар мавзуи “Зӯроварии хонаводагӣ нисбат ба занону кӯдакон” кормандони Марказ перомуни мавзуи барасаишаванда маърӯза намуданд. Ҳамзамон тамоми раванди фаъолияти кор бо мизоҷон, ҳуҷҷатнигорӣ ва хизматрасонӣ дар паноҳгоҳи муваққатӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Дар интиҳои тренинги таълимӣ – омӯзишӣ донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ