Толибон бояд ба истеъфо раванд....
Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90-уми асри XX – ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт.
Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд.
Он замон Тоҷикистон ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки имрӯзҳо дар Ироқу Сурия, Яману Афғонистон мушоҳида мешаванд, рӯ ба рӯ шуда буд.
Ҳоло мардуми Ҷумҳурии исломии Афғонистон шашидан ба ҳадафи куштор ва ғаразҳои зиддиинсонӣ аз ҷониби гурӯҳи Толибон ё ташкилоти бо ном “Аморати исломии Афғонистон” қарор доранд.
Ҳадафу нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он амалҳои харобиовар ва хоҷагону сарпарастони онҳо, ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар ин кишвар таъсис додани давлати бо ном исломии асримиёнагӣ буд.
Бо ин мақсад мо ҷонибдори он ҳастем, ки ҳаракати исломии бо ном “Толибон”, ки бо “Аморати исломии Афғонистон” табдили ном кардааст, бояд ба истеъфо равад.
Солҳои пеш кишвари мо дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардиданд, нақшаи ТЭТ ҲНИ буд.
Бо вуҷуди ин, мо дар асоси имконоти тамаддун ва фарҳанги қадимаи хеш тавонистем, ки муколамаи васеъро ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин кунем.
ШАРҲРЗОД