​“Тоҷикон” ва аҳамияти илмиву адабии он

Бо ташаббуси Ҷамъияти илмии донишҷӯёни Донишгоҳ бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар таҳти унвони ““Тоҷикон” ва аҳамияти илмиву адабии он” бо иштироки донишҷӯёни фаъол ва ғолибони даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат”ташкил ва гузаронида шуд.

Мизи мудавварро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сабурӣ Хайрулло Мирзозода ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба арзиши илмиву адабии китоби “Тоҷикон” суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки : “ Китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров дар пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқоти яке аз сарчашмаҳои муътамади илмӣ ба ҳисоб меравад ва дар сатҳи ниҳоят баланди илмию эҷодӣ таълиф гардидааст”.

Сипас, раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Қурбонзода Моҳрӯ, магистранти курси курси якуми факултети таърих ва ҳуқуқ Ҳоҷиев Фарҳод, омӯзгори ҷавони факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус Алишерзода Фарзона, донишҷӯи курси якуми факултети филологияи рус Ғафорова Маҳдия, донишҷӯи курси дуюми факултети таърих ва ҳуқуқ Буховаддинов Азиз ва дигарон андешаронӣ намуданд.

Мизи мудаввар бо баҳсу мунозираҳои ҷолиби иштирокчиён дар мавридибаъзе масъалаҳои китоби “Тоҷикон” анҷом ёфта, таъкид гардид, ки омӯхтани таърих гузаштаву оянда басо муҳим мебошад. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ огоҳ бошад, сабақ бигирад ва дурнамои ояндаи худро муайян созад.

Маркази итттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ