Тоҷикистони зи ҷон ширинтарам

Нафаре, ки ба Ватанаш дилаш месӯзадудӯст медорад, берун аз кишвар низ Ватанашро ситоиш мекунад ва намегузарад, ки касе онро бадном кунад. Мардуми тоҷик ба осонӣ ба чунин комёбиҳо ноил нашудааст. Зеро ба даст овардани Истиқлолият кори осон нест. Мо Истиқлолияти худро бо сайъу талош ва ҷонбозиҳои Пешвои муаззами хеш, ки барои ободии миллати худ чизеро дареғ намедоранд ба даст овардаем. Вазифаи мо ин оромиро нигоҳ доштан ва барои насли оянда меърос гузоштан аст.

Тоҷикистони зи ҷон ширинтарам,
Тоҷикистони ҷавону дилбарам.
Мисли тифле дӯст медорам туро,
Аз ту ояд бӯйи шири модарам.
Дӯст дорам ҳар ниҳоли сабзи ту,
Ҳам Бадахшон, ҳам Зарафшони туро.

Мутаассифона, дар байни мардум шахсони бадкирдору сиёҳдил пайдо мешаванд, ки бо кӯтоҳақливу беандешагӣ бо роҳҳои бад мераванду, озодиву осоиштагиҳои халқи худро зери по мекунанд ва дӯстиву ҳамкориҳои башардӯстонаро чашми дидан надоранд.

Муҳиддин Кабириву ҳаммаслаконаш аз қабили ин гуна одамонанд, ки Истиқлолияти Тоҷикистонро чашми дидан надоранд ва бо чашми ҳасуд ба мо менигаранду доиммо бо истифода аз фурсатҳо камони нафрату иғвояшонро ба сӯи мо мезананд.Ба дом афтодагони онҳо муҳоҷирони бечора мебошанд, ки берун аз Ватан кор мекунанду бар васвасаҳои онҳо дода мешаванд.

Шарм доред бе ору бе номусон. Як сӯм ҳам барои беҳбудии Ватанатон сарф ҳам накардаед. Сарф кардан он сӯ истад, хатто хизмат ҳам накардаед. Пас бо кадом рӯ ин қадар ҳам аз минбарҳо истода ҳарф мезанед хоинони миллат. Шумо барои беҳбудии кишваратон ягон кор накардед. Шумоён ақалан лоиқи дуои падару модари хеш нагаштетон. Агар фикр кунем Шумо алакай Худозада ҳастетон. Зеро бадарға аз кишвареду байни миллати худ беобрӯ ҳастад. Ин худаш аллакай ҷазои сахт аст.

Лаънат ба касе, ки аз Ватан канда шавад.

Афтад ба ғарибиву ба кас банда шавад.

Дар урфият мегӯянд, ки «Домони дурӯғ кӯтоҳ аст» ё худ «Офтобро бо домони олуда пӯшида намешавад». Мардуми Тоҷикистон медонанду огоҳанд, ки он муттаҳамон ки ҳастанд. Бархеаз ҳамватанони мо, пайравӣ ба Кабирии хоину пайравонашон аъзои ба ном “Паймони миллӣ” (наҳзатиёну гурӯҳи 24) намудаву аз ҳақиқати ҳол фарсахҳо дуранд, рӯзе пушаймон хоҳанд шуд. Умед бар он дорам, ки гуфтаҳои мо ба гӯши онҳо мерасаду онҳо аз ин роҳашон бармегарданд. Ман ба ҳамаи ҷавонони кишвар муроҷиат намуда гуфтаниям, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба ҳар гуна овозаҳо бовар накунанд. Зеро Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ ва Мирзои Салимпур душманони миллат ҳастанд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ