​Тоҷикистон зидди маводи мухаддир

Таҳти ин унвон устодон ва донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва технология дар якҷоягӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзуи чорабинӣ баргузор намуданд.

Мақсад аз баргузори мулоқоти мазкур пешгирии падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон ва ҷомеа арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки нашъамандӣ падидаи зараровари ҷомеаи инсонӣ ва мушкилоти умумиҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати стратегии давлат маҳсуб меёбад. Зимни мулоқот аз иштирокдорон хоҳиш ба амал оварда шуд, ки бо ин падидаи номатлуби ҷомеа муборизаи беамон баранд ва нагузоранд, ки дар миёни ҷавонону ҷомеаи мо чунин кирдорҳои ношоями инсонӣ рушд кунад.

Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як қатор устодон бо сипоснома ва ифтихорнома барои саҳми арзанда дар баргузории озмуни “Расми беҳтарин”, дар мавзуи “Ҷавонон зидди маводи мухаддир” байни донишҷӯён макотиби олии вилояти Суғд бахшида Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар сарфароз гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ