​Тоҷикистон - Ватани азизи ман

Таҳти ҳамин унвон дар хобгоҳи рақами 1-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" бо ташаббуси бевоситаи устодони кафедраи анализи математикии ба номи профессор Абулқосим Мӯҳсинов чорабинии тарбиявию фарҳангӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар оғоз мудири кафедраи анализи математикии факултети математика, дотсент Дилором Воситова чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, оиди муҳимияти Паёми навбатии Пешвои миллат суханронӣ намуд. Сипас, сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев дар мавзуи "Паёми Пешвои миллат- роҳнамои мост" баромад намуда, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ дод. Мавсуф қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханронияҳояшон ба қадру манзалати омӯзгор баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид доштанд: "Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад. Миллат бесавод мемонад. Ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷаи ин ҳама оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама рушди давлат сахт халалдор мегардад". Дар идома сармуаллими кафедраи анализи математикӣ Нозимҷон Охунов дар мавзуи "Экстремизм ва терроризм- хатар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ" маърӯза намуда, зикр дошт, ки экстремизм ва терроризм барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарзо буда, хусусан ҷавононро ба сӯйи торикӣ мебарад. Дар ҷаҳони муосир ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди чунин падидаҳои номатлуби хатарзо муборизаи беамон баранд ва ҳамеша бо ҳуввияти баланди миллӣ баҳри созандагиву бунёдкорӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлол устуворона талош варзанд.

Дар қисми дуюм донишҷӯёни курси сеюми факултети математика бо барномаи пешниҳоднамдудаи фарҳангӣ ба чорабинии тарбиявӣ ҳусни анҷом бахшиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ