​Тоҷикистон - Ваҳдатистон

"Мо дар якҷоягӣ гардани адовати шайтонро шикаста, ҳамдилу ҳамтан шудем ва барои эмин нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон талош намуда, бо иродаи комил, номуси ватандорӣ, хислати инсондўстонаи худ ба мақсади наҷибамон ноил гардидем”.

Эмомалӣ Раҳмон

Раванди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеӣ буд, ки баъди гузашти ҳазорҳо сол аз байн рафтани давлати оламгири ва абарқудрати Сомониён зи нав эҳё гардид. Саҳифаҳои таърих бори дигар исбот менамояд, ки тоҷикон қадимтарин бофарҳангу боасолаттарин сокинони Осиёи Марказӣ буданд ва решаи тақдири онҳо аз пасту баландиҳо ва нобаробариҳои таърихӣ шикаста нагардидааст.
Таърих собит месозад, ки барои пойбарҷо нигоҳ доштани давлати навини тоҷикон ҳанӯз аз охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX фарзандони шуҷоъ ва сарсупурдаи миллат чун абарустод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва дигарон талош ва ҷоннисориҳо карда буданд. Қобили зикр аст, ки то ин дам дар ҳайати давлати дигар будани Тоҷикистон имконияти роҳи ҳалро намедод. Дар чунин як шароити носоз ва ҳассосу тақдирсози таърихӣ пойдевори истиқлолияти кишвар гузошта шуд ва Тоҷикистон аввал ҷумҳурии худмухтор ва баъдан ҳамчун як давлати бузург – Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ ташкил ёфт.
Барои ташкил ёфтани Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ин фарзандони меҳанпараст, худшиносу худогоҳ ва ватандуст вазифаи муқаддаси хешро дар назди халқ ва Ватани хеш ифо намуданд ва кишвари мероси ниёгонро аз нестшавӣ ҳифз карданд.
Бо талошҳо ва кушишҳои пайвастаи фарзандони баруманди тоҷик 9–уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд. Баъди эълони истиқлолияти давлатӣ дар кишвар падидаҳои ҳақталошӣ, низоъ, даъво, ситеза, бархурд ва кашмакашиҳои дохилӣ авҷ гирифтанд. Ҳамин тариқ мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд ва давлатро ба ночорию нотавонӣ ва ба дастнигарӣ оварда расониданд. Мамлакатро бӯҳрони сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва гуруснагӣ фаро гирифта буд ва ҳатто баъзеҳо пешгӯи ҳам карда буданд, ки ин давлати тозатаъсис дар мӯҳлати кӯтоҳтарин боз аз байн хоҳад рафт.
Иҷлосияи тақдирсози 16 –уми Шурои Олӣ имконият ва шароит фароҳам овард, ки раванди сулҳи миёни тоҷикон барқарор гардад. Маҳз ин санаи муҳими таърихӣ ба ҷониби қувваҳои даргир ва ба нооромии кишвар нуқта гузошт ва истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро ҳифз намуд.
Дар шароити нобаҳангом ва фавқуллода ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ имконнопазир буд, чунки тамоми сохтор ва шохаҳои ҳокимиятдори дар ин давра фалаҷ гардида буданд. Барои оромиро ба кишвар дубора овардан пеш аз ҳама ҳамдигарфаҳмӣ, бахшоиш ва муттаҳидӣ лозим меомад, ки хушбахтона дар фурсати начандон ин ҳам амалӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии муттаҳидсозандаи миллати тоҷик гардид ва имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳову имкониятҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан, дурнамо ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид гузошт.
Дар ҳар давру замон осоиштагӣ кафили пешрафти давлат мегардад. Сулҳу ваҳдат чун сабаби асосии сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсозу тамаддунофари тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун мумтозу сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар шароити кунуни бояд ба моҳияти арзишҳои миллӣ ва ғояҳои демократии нав, тарзу усули зиндагӣ ва талаботи ҷомеаи адолатпарвар, ки мо тоҷикон бунёди онро марому мақсади хеш қарор додаем, ҷавобгӯ бошем. Ҳамчунин бояд ҳар як шаҳрванд ва ҳар инсон муносибати худро ба ташаккули ҷомеаи пешрафта чун мавқеи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ донаду масъулияти худро дарк намояд. Оинаи таърих нишон медиҳад, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғиб, ташвиқ ва паҳн намуда, бо намояндагони дигар миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати нек дошта ба арзишҳои дигар мамоликҳо хушбину хушназар буданд.
Ин гуфтору маънӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш дар китоби муқаддаси ниёгони мо ки то ҳол назираш нест «Авасто» ба таври зайл омадааст: «Мо сулҳу саломатиро меситонем, ки ҷангу ситезаро дарҳам бикашад. Бишавад, ки мо бо ҳамаи ростону дурустон, ки дар саросари кишварҳо ҳастанд, ҳамкору анбоз бошем ва ба якдигар муҳаббату ёрӣ намоем». Ҳамчунин бузургону орифони фарҳанги миллии мо дар осори хеш аз таҳаммулпазириву одамгарӣ, дӯстиву ягонагӣ таъкидҳо намудаанд. Метавон ба ин гуфтаҳо Ҷалолиддин Балхиро мисол овард, ки яке аз поягузорони мактаби фалсафаи ваҳдати умуминсонӣ мебошад, худро на тарсову яҳуд, на габру мусулмон, на шарқиву ғарбӣ, балки як инсони ҳамаро фарогир ҳисобидааст, ки ин баландтарин ифодаи башардӯстӣ, омили рафъсозандаи низоъҳои минтақавӣ, қавмӣ ва фарҳангиву динӣ мебошад. Афкору андешаи Мавлонои бузург, ки бештар ҳамдилиро аз ҳамзабони беҳтар медонад, собит месозад, ки ҷавҳари миллати тоҷик аз азал бо таҳаммулгароӣ сиришта шудааст ва тоҷикон бо қавму миллатҳои дигар ҳамеша дар фазои сулҳу субот ва ҳамраъйиву дӯстӣ зиндагӣ доштаанд. Шоирон бо синаҳои шеърбору каломи пурэъҷоз аз тамоми санъатҳои шеърӣ истифода бурда, истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллатамонро васф намуда, ба рӯҳияи мардум ҳусни тозае зам менамоянд. Аммо насле, ки даврони шӯравиро пушти сар кардааст, бо шунидани калимаи сулҳ ба ёди шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода меафтад, гарчи устод таъми ширини «сулҳ»-ро дар хуну пӯсти худ ҳанӯз эҳсос накарда буд. Танҳо баъди ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки мардуми заҳматкашидаи тоҷик ба сулҳу субот ноил гардиданд, бори дигар ба ашъори пурмуҳтавоӣ Мирзо Турсунзода рӯй оварданд. Акнун барои ҳамагон маълум шуд, ки чаро замоне устод «Суруди сулҳ»-ро бо хуни дил ва тапиданҳои беороми дил навишта будааст. Ба даст овардани ин неъмати бебаҳо, дар ҳақиқат басо душвору сангин аст.
Насли имрӯза набояд фаромуш кунад, ки дар давраи кунунии ҷаҳонишавӣ ба тамоми имконияти рӯи замин хатари раванди муқобилгузории тамаддунҳо таҳдид мекунад ва ҳар гуна равияҳои мутаассиб ва тундгароёнаи ҳизби низ маҳз ҳамин хавфу хатар тавлид меёбанд. Дар робита ба ин вазъият ҳар яки мо – соҳибватанонро зарур аст, ки хотири ҳимояи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва таъмини якпорчагии сарзамини аҷдодиамон ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ба қадри неъмати истиқлолият ва ваҳдати миллӣ расидан рисолати ватандӯстӣ ва худшиносии ҳар фарди ҷумҳурист. Насли ҷавони имрӯз бояд дарк намояд, ки болотар аз ваҳдату ягдигарфаҳмӣ ва соҳибихтиёрӣ неъмате нест. Ба қадри ин неъматҳои ноёфт бояд расид. Осоишта ва обод зиндагӣ кардан бузургтарин ҳаққи мардуми мост. Барои ин набояд ин ҳақро ба дигарон муфт фурухт.
Таманно мекунем, ки ҳамеша Тоҷикистон ваҳдатистони ҷаҳон бошаду ҳамбастагӣ ва ҳамдилии тамоми шаҳрвандони кишварамон раҳнамои мо ба уфуқҳои тозаи пешрафт гардад.
Поянда бод Ваҳдати миллӣ!

Сангинов Мирзосодиқ,

докторанти факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ