​Тоҷикистон – гаҳвораи тамаддун!

Ҷомеаи инсонӣ дар таърихи ташаккул ва такомули худ давраҳои гуногуни рушду пастравиро сипарӣ намудаасту ҳар яки он дар фарҳангу анъанаҳои миллии халқу халқиятҳо нақши пурасар, яъне асорате боқӣ гузоштааст. Дар қатори дигар қавму миллатҳои ҷаҳонӣ миллати кӯҳанбунёди тоҷик ҷойгоҳу мақоми хосаеро доро мебошад, ки чун тамаддунофару фарҳангсолор аз ҷониби олимону сиёсатмадорони ҷаҳон эътироф карда шудааст. Фарҳанги қадимаву арзиши анъанаҳои олам башариро соҳиб будани миллати тоҷикро метавон дар амалу иқдомҳои шоиставу оқилона, хирадмандонаю одилонаи сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушоҳида намуд. Зеро, дар вазъияти пур аз таҳлукаи сиёсӣ – ба сари қудрати давлатдорӣ омадани ҳаракати ифротгарои “Толибон” дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аксарияти сарони давлату сиёсатмадорони ҷаҳонӣ мавқеи носолимро ишғол намуда хоҳиши ҳамкорӣ ва муросоомез бо “Толибон” – ро роҳандозӣ намуда истодаанд. Ҳол он, ки мақомотҳои судии ин кишварҳо ҳаракати “Толибон”- ро террористиву эктремистӣ ҳисобидааст ва ин ҳолат муборизаю муқовимат бар зидди онҳоро тақозо менамояд.

Танҳо, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқҳои инсонии ҳамаи қавму миллатҳои Афғонистонро ҳимоятнамуда ҳидоят кардаанд, ки ҳангоми таъсиси Ҳукумат васохторҳои дигари давлатӣ манфиати ҳамаи ҷонибҳо ба инобат гирифта шаванд. Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки дар ҳаллу фасли қазияи Афғонистон дар канор набошаду мавқеи устувори сиёсӣ ишғол намоянд.

Абармарди матиниродаи ҷасур аз мардуми тоҷиктабори Афғонистон мардонавор пуштибонӣ намуда омодагии худро баҳри ҳифозати мардуми оддӣ аз амалҳои ғайриинсониибаном “шариатӣ” изҳор доштанд. Итминони қавӣ дорам, ки заминаи воқеии ин шуҷоату ҷасорат аз тамаддуни қадимаи миллати тоҷик шаҳодате дар аслияти фарзанди накӯхислаташ мебошад. Вагарна, аз ҳамқавмони афғонистонии худ ҳамоят накардани кишварҳои ҳамҷаворро сабаб чист? Метавон чунин ҳисобид, ки сабаби асосӣ дар набудани тамаддуни қадимаи онҳо мебошаду бас!

Дар қатори меҳрубонӣ ба ятимону бепарастони кишвари худ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхору ғамбардори тоҷикони муҳоҷиру мубориз мебошанд. Доимо дарин накӯкориву саховатпешагӣ руҳи Бурҳониддин Раббониву Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамонони дигари миллат мададгори муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ҳастанду Парвардигори пок низ ба иқдому амалҳояш файзу иқболи пурбарокот додааст, ки шаҳодати мартабаи олии инсондӯстии ин шахсияти мӯътабар мебошад.

М.С. Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологиява туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ