​Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш!

Имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки дар масъалаи ҳушёр будан аз хоинон ва душманони миллат, ки нияти сарнагун кардани миллати тоҷикро доранд, эҳтиёткор бошем.

Мутаассифона душманони халқу давлати тоҷик, ки хоинони миллатанд мехоҳанд бо ҳар гуна роҳу усулҳонисбати давлати тинҷу осоиштаимо афкори ҷомеаи ҷаҳони имрӯзаро вайрон созанд. Аз дур истода иттилооти дурӯғ медиҳанд. Вале халқи тоҷик кӯр нест ва худ дида истодааст, ки саҳми Пешвои миллат дар рушди кишвар чӣ гуна аст.

Созмондиҳандаи асосии ҳодисаҳои нангини солҳои пешин дар кишвар, ки боиси фавти фарзандону пайвандони мардуми тоҷик гардид, имрӯз озодона дар Аврупо умр ба сар мебарад, мардумро бо роҳи дурӯғу фиреб алайҳи давлату миллат шӯронид ва онҳоро дар монда, худ фирор кардааст. Бояд қайд кард, ки дар ин кор чунин шахсиятҳо ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Акнун дар хориҷи кишвар аз қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ кӯшиши молиявӣ гирифта, мехоҳанд боз фазои кишварро тира кунанд ва ҳамчун як муҳра ба манфиатҳои бегонагон хизмат менамояд.

Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки аз иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд.

Таърих гувоҳ аст, ки пешрафти босуботи иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму маориф ва зиндагии шоиставу шароити беҳтари ҳаёт маҳз зери сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Вале боиси таассуфи беандоза аст, ки имрӯзҳо душманону хоинони миллат, ки тоҷику тоҷикзода номидани онҳо садҳо бор ҳайф аст, дар саҳифаҳои мухталифи иҷтимоӣ, шабакаҳои интернетӣ бо ақоиди мухолифи худ нисбати давлату давлатдории имрӯза баромад намуда, бо ин амалҳои номардона, разилона ва пастфитратонаи хеш амнияту суботи кишварро халалдор месозанд.

Ин афрод, ки барои осоиштагиву ободии ин кишвар заррае ҳам саҳм надоранд, ободиву пешрафти Ватанамонро нодида мегиранд. Бо ҳисси бухлу ҳасаду кина ҳар як дастоварди халқамонро ба таври худ бозтоб медиҳанд, ки ин худ як ҷудоиандозӣ, тафриқасозӣ ва ваҳшатангезӣ аст. Онҳо аҳримансифатонанд, ки дар замири мардум ба ҷуз тухми кинаву адоват, парокандагӣ, навмедиву дилсардӣ ба ояндаи нек дигар чизе намекоранд. Бо ин амалҳои ғайримусалмонии худ имрӯз назди халқу миллат ва фардо назди Худованд ҷавоб хоҳанд дод.

Ҳар нафаре, ки имрӯз худро соҳибватан мешуморад, бояд хуб дарк созад, ки онҳо душманони нотвонбинии ҳар як узви ҷомеа ҳастанд. Даст ба дасти якдигар дода, аз ҳар як сокини бонангу ори ин Ватани ободу зебо, алалхусус, ҷавонон даъват ба амал меорем, ки зери сиёсати Пешвои муаззами худ муттаҳид бошем ва решаи заҳрпечидаи хоинони миллатро аз беху бун нобуд созем.

Маликаи Хубон – устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ