То ба кай дорад давом ин корҳои бесомон
Ҳизби наҳзати ислом минбари иғвову таҳлуқа дар тамоми ҷаҳон гаштааст. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони вай аз Австрияву Индонезия Исроилу дигар давлатҳои ҷаҳон ҳастанд. Ҳаммаслакони вай асосан муҳоҷиронанд, ки берун аз Ватан ҳастанд. Аз дуриҳо истода шер барин бо овози баланд Ватани моро сиёҳ мекунанд. Давоми се соли охир, ки ин гуруҳи иғвоангези муҳоҷир, кибо нидои баланд берун аз кишвар ҳамаро овораву сарсон мекунад ба диламон зад. Онҳо бехабар аз он, ки худашон зодаи ин сарзамин ҳастанду дар обу ҳавои форами ҳамин кишвар ба воя расидаанд. Магар қарзи фарзанди нест, ки ҳамаи мо дар Ватан истода хизмат кунем қарзамонроадо намоем. Бале бо ҳама дар назди Ватан қарздорем қарздор аз ҳавояш, ки нафас мекашем, қарздор аз хокаш ки рӯи он по мениҳем вале Ватан хоксор аст ӯ ин ҳама қарзҳояшро намегӯяд. Вале мо бояд онро дарк намоему баҳри шукуфоии Ватани азизу маҳбубамон дар омодаи хизмат бошем. Мутаъсифона нафароне ёфт мешаванд, ки вақте берун аз Ватан мешаванд ба ҳавову ҳавас дода шуда Ватани худ модари худро фаромӯш мекунанд. Онҳоро нафароне ба ин водор мекунанд, ки худ беору номус ва фирефтаи пулу мол шудаанд. Аз сабаби ҳамин ҳам бисёр муҳоҷирон ба умеди ризқу рӯзи ба хориҷа мераванду дигар барнамегарданд. Онҳо ба доми ин муттаҳамон мефароянду ба нохушиҳо гирифтор мешаванд ва ё ҳабс мешаванду роҳи гурезагиро пеш мегиранд. Чуноне, ки мегӯянд замин кулӯла аст. Кӯҳ бо кӯҳ вонамехураду одам ба одам вомехӯрад. Аз ҳақиқат ҷои гурез нест. Иғвову дасисаҳои ҳангомаангези гуруҳи муҳоҷирони наҳзатиёнро ҳама алакай дарк кардаанд ва аз ин безоранд.
Мо аз қадимуллайём мардуми бафарҳанг ва баору номус ҳастем бурдаи нони ҳалоли худро дар хона мехӯрему ба ҳамсоя чашм ало намекунем. Шукри нони ҳалоли худ мекунем. Ҳалолкорӣ ростқавли дар хуни мост. Чуноне, ки китоби муқаддаси “Авасто” омадааст: “гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек”.Ин шиори мо дар зиндагӣ мебошад. Нафаре ки ба ин итоат намекунад аз чаҳорчӯбаи одоби одамигарӣ берун аст. Ба мисли Муҳиддин Кабириву ҳаммаслакони ӯ.
Биоишаи Назар