ТЭТ ҲНИ сарчашмаи терроризм - экстремизм
Роҳбари давлат дар Паёми навбатии хеш изҳор доштанд, ки чараёнҳои ифротӣ имрӯз дар олам арзи вучуд доранд, на ин ки худашон, балки ҷонибдоронашон низ ба зарарҳои калон рӯ ба рӯ мешаванд. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Бояд ёдовар шуд, ки «Рӯйдодҳои охирини ҷаҳон, яъне боз ҳам тезу тунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндарачаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд». Қобили таваҷҷӯҳ аст, вақтҳои охир мо шоҳиди он ҳастем, ки падидаҳои манфии иҷтимоӣ ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халал ворид менамояд. Ин тамоюл бешак, мардуми ватандӯст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву Ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонанд, зеро ин мушкилиест, ки хусусан дар миёни ҷавонон то андозае маълум буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад. Ин тамоюли бегонапарастӣ, бешак мардуми ватандӯст, бахусус қишри солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву Ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонад, зеро ин мушкилиест, ки миёни ҷавонон то андозае маъмул буда, халли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад.
Бояд тазаккур дод, ки Созмони ҳамкории Шанхай аз 29 январи соли 2016 хабар медиҳад, солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра гурӯҳҳои ифротие рӯи саҳна омада истодаанд, ки бо амалҳои зишт ва террору куштори худ чомеъаи ҷаҳониро нигарон кардаанд.Махсусан дар Тоҷикистон, Афғонистон, Ироқу Сурия, Яману Сомалӣ онҳо фазои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро боз ҳам вазнинтар намуда истодаанд.Ҳамагон огаҳӣ доранд, ки дар назди Худованди бузург ин амалҳои зишт мутобиқ ба оятҳои муқаддаси китоби «Қуръон» гуноҳ ва нобахшиданӣ мебошад. Қобили таваҷҷӯҳ ва аз сомонаҳои хабарӣ бармеояд дар мувофиқат ба Низомнома оид ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай манъ аст.Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, таҳти №79, ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шудааст. Қаблан, ба ин рӯйхат чунин созмонҳои террористӣ монанди «Ал-Қоида», Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), Ҳаракати Толибон» Салафия» »Бародарони мусалмон»ва ғайра номнавис шуда буданд, ки ин ташкилотҳо душмани дини ислом маҳсуб меёбад. Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 75 узви Ташкилоти экстремистӣ террористӣ (ТЭТ) Ҳизби назҳати Исломии (ҲНИ) барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии ДИИШ, «Ансоруллоҳ», «Ҳизб –ут – Таҳрир» «Ҷамоати таблиғ», «Гурӯҳи 24» ва ғайра боздошт гардиданд. Бояд ёдовар шуд ҷаҳони имрӯза ҷаҳонест, ки сияҳкорон ба таблиғи ҳама гуна идеологияҳои тахрифкорона ва хурофотии худ миёни инсоният ҳисси бадбинӣ, нафрат, миллатгароӣ ва қадр накардани арзишҳоро ба вуҷуд оварда, ҷомеаи инсониро носолим мегардонад ва ҳуқуқҳоямонро поймол мекунанд. Ва барои амалӣ кардани барномаҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои нопоки худ ҷӯёи он роҳҳо мешаванд, ки тавонанд тавассути истифода аз онҳо ба мақсадҳои ниҳоии худ расанд.